ҶАВОНОН — ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар Хоруғ ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 июн дар шаҳри Хоруғ ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш барандагони стипендияи президентӣ аз шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ишкошим, Мурғоб, Шуғнон, Роштқалъа ва Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дастовардҳои дар самтҳои илм, варзиш, ҳунару ҳунармандӣ, ихтироъкорӣ ва техникаву технология ба даст овардаашонро намоиш доданд.
Гуфта шуд, ки таъсис ёфтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба насли ояндасози мамлакат буда, ба ҳавасманд намудани насли ҷавон баҳри ба таҳсили муносиб фаро гирифтан, ташаккул додани маҳорату малака ва истеъдоди онҳо мусоидат менамояд.
Дар анҷом ба ҳар як гирандаи стипендияи президентӣ шаҳодатнома ва маблағҳои ҷудогардида аз Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ тақдим гардид.
АКС: Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






