Байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «FAS Energy» санади ҳамкорӣ ба имзо расид

Июнь 2, 2024 13:04

ДУШАНБЕ, 02.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар шаҳри Риёз Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва роҳбари ширкати энергетикии «FAS Energy»-и Арабистони Саудӣ Туркӣ Ал-Ҳукайр Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «FAS Energy»-ро ба имзо расониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар доданд.

Ин санад дар ҳошияи Форуми сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ба имзо расонида шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ

Июнь 2, 2024 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид