Беморхонаи марказии шаҳри Исфара бо таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд

Июнь 5, 2024 20:00

ДУШАНБЕ, 05.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Беморхонаи марказии шаҳри Исфара навсозӣ ва бо таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ таъмин гардида, шуъбаи қабули беморон мавриди истифода қарор дода шуд. Дар хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бинои шуъба аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсуси беморхона ва бо дастгирии соҳибкорон  таъмиру навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти муосири тиббӣ барои фаъолияти табибон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, минбаъд дар ин ҷо ҳуҷраҳои таҳлили беҳдоштӣ, ташхиси ултрасадоӣ, сабти барқии дил ва ғайра ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.

Раиси шаҳр зимни суҳбат бо роҳбарият ва кормандони беморхона таъкид намуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара минбаъд низ барои рушди соҳаи тиб ва фароҳамсозии шароити замонавии корӣ баҳри табибон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Июнь 5, 2024 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд