Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 08.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж-пойтахти Фаронса Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ доир гардид, ки дар он муовини аввали мудири кулли ЮНЕСКО Габриела Рамос, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси анҷумани Рӯдакӣ дар Фаронса Масъуд Миршоҳӣ ва мавлоношиносон аз тамоми қаламрави ҷаҳон иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ин ҳамоиши бузурги байналмилалӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён аз номи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони конфронс барои дастгирӣ ва амалӣ намудани ин пешниҳоди муҳими ҷониби Тоҷикистон изҳори ташаккур гуфт.
Гуфта шуд, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шоире мебошад, ки бо гузашти солҳо меҳраш ба қалби ҳамагон шуъла мепошад ва ҳамасола дар борааш мегӯянду менависанд. Ҷалолуддини Балхӣ дар ганҷинаи маданияти ҷаҳонӣ осори бой боқӣ гузоштааст. Мавлоно мутафаккири бузурги замонаш буда, дар инкишофи озодфикрӣ ва тараққиёти тафаккури назариявӣ хизмати бузург намудааст.
Дар Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявиӣ бахшида ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ муовини аввали мудири кулли ЮНЕСКО ва дигар олимону муҳаққиқон ва мавлоношиносон аз ташаббуси оливу сатҳи ҷаҳонӣ оид ба бузургдошти нобиғаи беҳамто Мавлонои Балх бо ташаббуси ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ сухан гуфта, ин иқдомро дар роҳи ҳамдилӣ ва дӯстиву ваҳдати халқҳои олам муҳим арзёбӣ намуданд. Тавре олимону мавлоношиносон зимни баёни маърузаҳои хеш атрофи осор ва рӯзгори Мавлоно баён намуданд, осори ҷовидонаи Чалолуддини Балхӣ имрӯз ба даҳҳо забони гуногуни ҷаҳон тарҷума шуда, дар интиҳои асри XX дар радифи даҳ китоби сертеъдод ва хонотарини аҳли олам қарор гирифтааст. Ду асари бузурги Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ: «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир» шабеҳи оинаҳое ҳастанд, ки Мавлоно фарорӯи одамиён доштааст. Он чи дар ин оинаҳои ҷаҳоннамо инъикос ёфтааст, баёнгари ҳодисоту воқеот ва мушкилоте мебошад, ки инсон асрҳо бо онҳо даст ба гиребон аст. Ва агар инсонҳо тавсияҳои арзишманди ин шоири андешамандро ба кор гиранд, метавонанд бар бисёр душвориҳои зиндагӣ пирӯз шаванд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифтани 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, эълон шудани Рӯзи бузургдошти ин нобиғаи беҳамто ҳамасола 30 сентябр дар Тоҷикистон ва баргузор намудани озмуни “Маснавихонӣ” аз сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат дарак медиҳанд. Мо, тоҷикон дар қатори дигар миллатҳои мутамаддини олам осори ин пири хирадро меомӯзем, ташвиқ месозем ва бо он ифтихор менамоем.
Ҳамзамон дар конфронс гуфта шуд, ки Мавлонои Балхӣ инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқу ҳамбастагии онҳоро тарғиб менамуд. Сулҳу оштӣ, ишқу ошиқӣ ба ақидаи Мавлоно, қодир аст, заминро бо осмон хешу табор гардонад. Ҷалолуддини Балхӣ аз он нобиғагони нодир аст, ки таърихи фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст. Ӯ бо ҳама бузургӣ устуравор дар майдони андешаи қарнҳо қомат афрохтааст ва ҷилои тафаккураш забони тоҷикиро шукуҳу ҷалол бахшидааст.
Ба феҳристи хотироти ЮНЕСКО дохил гардидани Куллиёти Мавлоно дар қатори номгӯи падидаҳои фарҳангие, ки солҳои охир аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд, нишони дурахшони дигари эътирофи расмии фарҳанги бузурги гузаштагони мо аст. Албатта, эътирофи байналмиллалии эҷодиёти бузургони гузаштаи мо, хусусан Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ифтихори тоҷикон аст. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки бо ифтихор метавон гуфт зодаи сарзамини мо аст, бо шахсияти беназири худ ва ду шоҳасари безаволаш «Маснавии маънавӣ» ва «Девони Кабир» чандин сол аст, ки дар сафи аввали серхонданитарин осори муаллифони дунё қарор дорад.
Воқеан, осори гаронбаҳо, бешабеҳ ва арзишманди Мавлонои Балх баъд аз сипарӣ шудани беш аз ҳаштсад сол ҳанӯз ҳам аҳамият ва қадру қимати худро гум накардааст, балки баръакс, имрӯз беш аз ҳар вақт дар олам нуфузу обрӯ дорад ва пешгоми ҷомеа мебошад, ки мояи сарфарозӣ ва ифтихори мо, ворисонаш аст.
Дар заминаи Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ дар як гӯшаи қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Институти мероси хаттӣ ва дастхатҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ» намоиши ҷашнӣ доир карда шуд, ки он то анҷоми ин ҳамоиш идома меёбад.
Дар намоиш намунаҳои гуногуни осори таърихию фарҳангии марбут ба Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, аз қабили нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии Маснавии Маънавӣ, Луби лубоб (шарҳи маснавӣ)-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, мусаввараҳо, қаламкашиҳо, пайкараи Мавлоно, намунаҳои ҳунари хушнависӣ аз ашъори Мавлоно ва дигар осори бостоншиносӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки инъикосгари рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мебошанд.
Дар идомаи конфронс ҳамзамон меҳмонон бо намоиши либосҳои миллии тоҷикӣ, ки аз ҷониби тарроҳони чирадасти Тоҷикистон омода гашта буд, шинос шуданд. Таваҷҷуҳи меҳмонону иштирокдоронро намунаи либосҳои хуштарҳу замонавии чакану атлас ва адрас бештар ҷалб намуд.
Ёдовар мешавем ки Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж имрӯз, 8 июн анҷом меёбад.
АКС: АМИТ «Ховар»