Дар Австрия оид ба Раванди оби Душанбе маълумоти муфассал пешниҳод гардид

Июнь 19, 2024 10:03

ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳайлигенблути Австрия Анҷумани «Антропосене», ки ба масъалаҳои муҳити зист ва тағйирёбии иқлим бахшида шуда буд,  баргузор гардид, ки дар он оид ба Раванди оби Душанбе  маълумоти муфассал пешниҳод шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафири Тоҷикистон дар Австрия Идибек Қаландар ба ҳозирин роҷеъ ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об, ба вижа Раванди оби Душанбе ва натиҷаҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10-13 июни 2024 дар Душанбе доир гардид, гузориши муфассал пешниҳод намуд.

Дар рафти кори анҷуман инчунин мутахассисон ва олимони соҳаи муҳити зист дар мавзуъҳои мубрами ҷаҳонии тағйирёбии иқлим мубодилаи афкор намуда, сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ роҷеъ ба ибтикорот ва дастовардҳои мамлакатҳояшон дар соҳаҳои марбут ба муҳити зист, тағйирёбии иқлим, мудирияти захираҳои об ва мушкилоту чолишҳо дар ин раванд суханронӣ карданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 19, 2024 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд