Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба раванди таълим дар синфҳои ибтидоӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Июнь 7, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 07.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 июн дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Муносибати босалоҳият — асоси арзёбии раванди таълим дар синфҳои ибтидоӣ» конференсияи  ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хабар доданд.

Иштирокчиён зимни маърузаҳо таъкид намуданд, ки дар шароити кунунии Тоҷикистон вобаста ба дастрасии воситаҳои иттилоотӣ (интернет, телевизион ва ғайра) танҳо бо дониш мусаллаҳ намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кифоя набуда, дар амал истифода бурдани донишу малакаҳо муҳимтарин роҳи ба натиҷаҳои дилхоҳ расидан аст. Имрӯз вазифаи маорифи муосир аз он иборат аст, ки насли наврасро барои зиндагӣ дар олами нав омода намояд. Воқеият ин аст, ки донишҳои имрӯз омӯхта фардо бояд ба насли наврас хизмати шоиста карда тавонанд.

Таъкид карда шуд, ки барои ташаккул додани дониш, маҳорат ва малакаи муайян яке аз роҳҳои муфид- ин ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият ба таълим мебошад. Худи мафҳуми «салоҳиятнокӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, олимон ба моҳияти он хусусияти гуногуни арзишию маъноиро нисбат медиҳанд. Гуфта мешавад, ки салоҳиятнокӣ- ин низоми дониши амалкунанда мебошад, ки фаъолияти амалӣ ва бошуури таълимро инъикос менамояд.

Кори конференсия  дар ду бахш: «Саҳми Пешвои миллат дар такмили муносибати босалоҳият дар таълими синфҳои ибтидоӣ» ва «Аҳаммият ва нақши омӯзгор дар муносибати босалоҳият ба таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» бо баррасии мақолаҳои илмии олимону донишмандон баргузор гардид.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Июнь 7, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид