Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон намоиши маҳсулот ва ярмаркаи ҷойи кор барои хатмкунандагон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби чанд корхонаю муассиса ва ташкилот намоиши маҳсулот ва ярмаркаи ҷойи кор барои хатмкунандагони донишгоҳ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандони мамлакат, муҳайё намудани шароити мусоид ва ба ин васила беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Агар яке аз роҳҳои ҷалби аҳолӣ, бахусус ҷавонон ба кор ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи кор тавассути мактабҳои олӣ, техникум ва коллеҷу литсейҳо омода намудани мутахассисони воқеан ҳам дар бозори меҳнат рақобатпазир бошад, роҳи дигари он таъсиси даврҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат, баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойи кор аст, ки бо ибтикори кумитаю вазоратҳо амалӣ гардонида мешавад.
Ректори донишгоҳ Зоир Раҳмонзода иброз дошт, ки омода намудани мутахассисони рақобатпазири мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат, аз техника ва технологияҳои нави муосир бархурдор ва эҷодкору навовар яке аз вазифаҳои асосии таълимгоҳҳои олии мамлакат аст. Ин масъала борҳо дар суханрониҳо ва паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлил ва масъалагузорӣ қарор гирифта, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаҳои давлатӣ ва қарорҳоро таҳия ва қабул намуд.
Гузариш аз шакли аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон масъалаҳои нави омодасозии мутахассисони соҳаи саноатӣ ба миён меоварад. Махсусан, аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 моро водор месозад, ки мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат омода намоем.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






