Дар Душанбе бо намояндагони ваколатдори Маркази миллии тестӣ ва роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ вохӯрӣ доир гардид

Июнь 26, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 июн дар Муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии № 65-и ноҳияи Шоҳмансур вохӯрии роҳбарияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мақомоти дахлдори давлатӣ бо намояндагони ваколатдори ин ниҳод ва роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ доир шуд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа роҳбарияти Маркази миллии тестӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Таъкид гардид, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан аз муҳимтарину намоёнтарин чорабинии ҳарсолаи соҳаи маорифи мамлакат ба ҳисоб меравад ва ҳадафи ҷамъ омадани аҳли маҷлис низ баррасии масъалаҳои муҳимтарини марбут ба ин имтиҳонҳо аст.

Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода муҳимтарин нуктаҳоро дар иртибот ба баргузории имтиҳонҳои мазкур ва дурусту бенуқсон роҳандозӣ кардани он барои намояндагони ваколатдори Марказ дар марказҳои имтиҳонӣ ва роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ бозгӯӣ ва таъкид кард.

Сабзалӣ Ҷаъфарзода аз намояндагон ва роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ваколатдори Маркази миллии тестӣ дар марказҳои имтиҳонӣ ва роҳбарони марказҳои имтиҳонии  шаҳри Душанбе барои ҳамкории судманд, мусоидат дар ташкилу роҳандозии ҳадафмандонаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва самтҳои дигари фаъолияти Марказ изҳори сипос намуд.

Тазаккур дода шуд, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мавриди  таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.  Сарвари давлат барои шаффофу одилона ва дар сатҳи баланд ташкилу баргузор  кардани ин имтиҳонҳо пайваста дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ибрози андеша намуда, кормандони Марказро барои риояи комили тартиби муқарраргардидаи имтиҳонҳо, набаромадан аз чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда, муқовимат ба ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ ва пешгирӣ аз онҳо ва амсоли ин таъкид намуданд.

АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад