Дар Душанбе таҳияи барномаи ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Амалисозии «Барномаи кишварии имкониятҳои стратегии Фонд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024», инчунин таҳияи барномаи нави ҳамкории дуҷониба барои давраи миёнамуҳлат дар самтҳои афзалиятдошта, аз қабили рушди кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, идораи захираҳои табиӣ ва таҷдиди инфрасохтори деҳот дар мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Алваро Ларио мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, Файзиддин Қаҳҳорзода аз сатҳи баланди ҳамкорӣ байни Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки сармоягузории Фонди болозикр ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат таъсири назаррас дорад.
Дар навбати худ, Алваро Ларио иброз намуд, ки тӯли 15 соли охир маблағгузории Фонд ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 115 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки дар натиҷа 127 ҳазор хонавода дар 17 шаҳру ноҳияи мамлакат бо дастгирии мухталиф фаро гирифта шудаанд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






