Дар Душанбе вобаста ба самти баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон машварат доир гардид

Июнь 4, 2024 17:07

ДУШАНБЕ, 04.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ  дар мавзуи  «Муколамаи Ҳамоҳангсози  доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо вакилзанон дар самти баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон» машварат баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар машварат вакилзанони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дафтари Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон  ва дигарон иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки солҳои охир баробарии гендерӣ дар саросари ҷаҳон ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯз мубаддал гардида, дар нишасту ҷаласаҳои созмонҳои ҷамъиятиву давлатӣ, милливу байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз 20 декабри соли 1993 ҳангоми Конфронси ҷаҳонии ҳуқуқи инсон Эъломия дар бораи барҳам додани зӯроварӣ нисбат ба занонро қабул намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки қадами муҳим дар самти пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар Тоҷикистон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 мебошад.

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муҳим дониста мешавад, ки он ба рушди минбаъдаи қонунгузории гендерӣ дар мамлакат мусоидат мекунад.

Илова карда шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида занони Тоҷикистон имконият пайдо кардаанд, ки неруяшонро дар арсаҳои сиёсат, дипломатия, иқтисод, иҷтимоиёт ва фарҳанг амалӣ намоянд.  Имрӯз занону духтарони тоҷик ба хотири рушди соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин дар кулли сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзанда мегузоранд.


Дар айни замон шумораи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занон 8 нафар ё 26,7%  ва вакилон аз ҳисоби занон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 нафар ё 25,3% ро ташкил медиҳанд. Ҳол он ки дар даъвати якуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1995 — 2000 шумораи вакилзанон аз 182 нафар мард танҳо 5 нафарро ташкил додааст.

Дар назди иштирокчиёни машварат Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами ва вакилзанони Маҷлиси намояндагон сухан гуфтанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 4, 2024 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд