Дар ноҳияи Рашт Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ҷашн гирифтанд
РАШТ, 01.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 31 май дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи бошукуҳи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Ҳамзамон дар даромадгоҳи Қасри фарҳанги ноҳия ҳунарҳо ва дастовардҳои дастии кӯдакон ба намоиш гузошта шуданд.
Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода гуфт, ки ҳар сол чун анъана 1 июн дар саросари олам, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.
Бо шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн чун меҳвари давлатдории навини тоҷикон рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ҳидояту роҳнамоии Пешвои муаззами миллат таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак таҳти назорати доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт қарор дорад.
Аз ҷониби давлат барои амалишавии орзуву ормонҳои кӯдакон, бахусус кӯдакони ятиму бепарастор дилсӯзиву меҳрубонии хосса зоҳир мегардад.
Ҳамзамон дар ҳамоиш ба кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуда, аз тарафи бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ба кӯдакони навтаваллудшуда шаҳодатнома дар бораи таваллуд дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






