Дар панҷ моҳ дар Тоҷикистон беш аз 1411 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст

Июнь 19, 2024 20:40

ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. То моҳи июни соли равон дар мамлакат 1411,5 тонна моҳӣ истеҳсол ва ба бозорҳо ҷумҳурӣ пешниҳод гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 385 хоҷагии моҳипарварӣ дар 75968 гектар, аз он 73341,6 гектар обанборҳо ва 2626,8 гектар ҳавзҳо фаъолият доранд.

Вазорати кишоварзӣ барои афзун гардидани миқдори хоҷагиҳои моҳипарварӣ, масоҳати ҳавзҳо, зиёд намудани моҳиҳои зотию такмилӣ барои такрористеҳсолкунӣ, бунёди коргоҳҳои инкубатсионӣ ва истеҳсоли кирминамоҳиҳо, хӯроки омехтаи моҳӣ, зиёд намудани навъи моҳиҳои дар ҷумҳурӣ парваришёбанда, таъмиру навсозии иншооти обтаъминкунӣ ва техникаву технологияи моҳипарварӣ, воридоти технологияҳои муосир ба зиёд шудани ҳаҷми истеҳсол, рушди соҳа ва таъмини бозори истеъмолии мамлакат тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда истодааст.

Ҳамчунин аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳа дар ҷумҳурӣ «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023 қабул гардида, дар доираи маблағгузориҳои барнома хариди кирминамоҳӣ, моҳича аз дохил ва хориҷи мамлакат, ворид намудани таҷҳизоти соҳавӣ, ташкили хоҷагиҳои нави гулмоҳипарварӣ, коргоҳҳои моҳичабарорӣ ва афзун намудани истеҳсоли хӯроки омехта ба нақша гирифта шудааст. Аз ҳисоби маблағҳои пешбинигардида дар соли 2023 ба 36 хоҷагии моҳипарварӣ 250 ҳазор дона моҳича дастрас шуд.

Тибқи таҳлилҳои олимон, кӯлу дарёҳои Тоҷикистон дорои беш аз 60 намуди моҳӣ мебошанд. Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, сифати моҳӣ ба сифати об алоқаманд аст, ҳар қадар об тоза бошад, ҳамон андоза моҳӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза мешавад. Таъми моҳӣ ҳам ба об вобаста аст. Об ширин бошад, моҳӣ ширин, шӯр бошад, шӯр мешавад.

Ҳар сол дар дунё барои маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза озмунҳо гузаронида мешаванд. Соли 2002 дар Женева барои сифати моҳӣ Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид.

Тибқи таҳлилҳои коршиносон, аз ҷиҳати даромаднокӣ моҳипарварӣ дар ҷойи аввал меистад. 60 фоизи обҳои тозаи Осиёи Марказӣ аз ҷумҳурии мо сарчашма мегиранд. Ба гуфти коршиносони соҳа, аз ин миқдор об ба ҳисоби камтарин имкони дар як сол дар Тоҷикистон то 200 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол намудан вуҷуд дорад.

Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» талаботи ҳар сокини ҷумҳурӣ ба истеъмоли гӯшти моҳӣ дар як сол нуҳ килограмм тавсия мешавад.

Ба гуфтаи табибон, гӯшти моҳӣ дар таркибаш сафеда, аминокислота, йод, фтор, калтсий, марганес, синк, селен, оҳан, магний, фосфор, бром, витаминҳои A, D, F, E, С, PP ва ғайра ғизоҳои фоидаовари табиӣ дорад, ки боиси расогии ақл, пешрафти зеҳн ва пешгирикунандаи хушкии пӯст мебошад. Ин витаминҳо барои зебо нигоҳ доштани зоҳир ва солимиву дарозумрии инсон мусоидат менамоянд. Аз тамоми касалиҳои меъда ва фарбеҳшавӣ пешгирӣ менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 19, 2024 20:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид