Дар Риёз рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва саноат баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар шаҳри Риёз мулоқоти муштараки Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар доданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва механизмҳои ҷалби сармоягузории саудӣ ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Ин вохӯрӣ дар ҳошияи Форуми сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ доир гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






