Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+» то соли 2030 амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 14.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+» аз ҷониби Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) қабул гардидааст, ки то соли 2030 идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд.
Лоиҳаҳои аз ҷониби Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) маблағгузоришаванда зимни вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Алваро Ларио дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд бахшида ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ гуфта шуд, ки соли 2008 сармоягузории мустақими Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди деҳот 115 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро ташкил дода, шумораи умумии манфиатгирандагон зиёда аз 300 ҳазор хонаводаро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин бо дастгирӣ ва ҳамкории зичи мутақобилаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Вилояти Хатлон, марҳилаи якуми Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», Лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ва Лоиҳаи «Дастгирӣ ба ғизои мактабӣ» муваффақона амалӣ гардиданд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҳамкории чандинсола ва сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзиро мавриди таҳлил қарор дода, оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, вазъи бозори ҷаҳонии озуқа ва афзоиши мунтазами нархи ҷаҳонии озуқа, обёрии заминҳо, дастрас намудани тухмии зироати ба хушкӣ тобовар, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ҳолати мелиоративии чарогоҳҳо, беҳтар намудани зотҳои чорвои маҳаллӣ ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷ








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






