Динара Зиганшина: «Масъалаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро бояд ба фаъолияти ҳамарӯза ва якҷояи худ табдил диҳем»
ДУШАНБЕ, 10.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Ташкил ва гузаронидани ин гуна чорабиниҳо байни бахшҳои мухталиф вобаста ба масъалаҳои гуногуне, ки ба тағйирёбии иқлим дахл доранд, хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад. Зеро масъалаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бояд ба фаъолияти ҳамарӯза ва таҳияи нақшаву стратегияҳои рушди мо низ вобаста бошад», — чунин изҳор намуд Директори Маркази илмӣ-иттилоотии Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози оби Осиёи Марказӣ Динара Зиганшина зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».
Динара Зиганшина аз иштирокчӣ будан дар форуме, ки бахши об ва масъалаҳои тағйирёбии иқлимро ба ҳам муттаҳид менамояд, изҳори хушнудӣ кард.
«Барои ман ин имконияти хуб барои рушд ва устувор гардонидани бахши шарикӣ мебошад. Ба назарам рушд ва устувор гардонидани бахши шарикӣ дар ҳамаи корҳои мо, новобаста аз он ки мо намояндаи ташкилоти давлатӣ, институтҳои минтақавӣ, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ё созмонҳои лоиҳавӣ ва шарикони рушд бошем, бояд истилоҳи калидӣ гардад. Барои он ки ҳамаи амалҳои мо бояд ба беҳбуди минтақа ва кишварҳои он равона гардида бошад»,-илова кард ӯ.
Бояд гуфт, ки ҳадафи Форуми Осиёи Марказӣ ташвиқи давлатҳои Осиёи Марказӣ барои муттаҳид кардани талошҳо дар самти ноил гардидан ба устувории об ва иқлим барои таъмини суботи минтақа ва таҳкими ҳамкорӣ дар минтақа тавассути беҳбуди муколамаи минтақавӣ байни ҷонибҳои манфиатдор ва тасмимгирандагон оид ба идоракунии захираҳои об ва иқлим ва коҳиши хатари офатҳо дар Осиёи Марказӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ ва табодули маълумот оид ба об, муҳити зист ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошад.
Ба гуфтаи Динара Зиганшина, ҳамагон бояд кори якдигарро барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар ҳама гуна масъалаҳо- чӣ амнияти обӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ пурра намоянд.
«Барои он ки ба Ҳадафҳои рушди устувор ноил гардем, мо бояд кори якдигарро пурра кунем. Вале ба назарам, бе баррасӣ ваҳалли масъалаи тағйирёбии иқлим амалӣ кардани ин ҳадафҳо ғайриимкон аст. Ин форум имкон медиҳад, ки якдигарро шунавем ва бо шарикон ҳамкорӣ намоем»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.
АКС: АМИТ «Ховар»








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






