ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит

Июнь 21, 2024 15:50

ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, аз 10 то 13 июни соли 2024 пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе мизбони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» гашт, ки дар он зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар доираи ҳамоиши мазкур, иштирокчиён – меҳмонон ба нуқтаҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, дараи Ромит сафар намуда, таассуроти зиёд бардоштанд.

Оксана Синитсина: «Дар ҳама кор, оғози он муҳим аст ва Тоҷикистон ин оғозро гузошт!»

Дар қатори дигар иштирокчиён — меҳмонони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», намояндагони Федератсияи Русия низ иштироки фаъол дошта, доир ба аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаи обу иқлим ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баррасии ин мушкилот таассуроти амиқ бардоштанд.

«Дар ҳар кор як шахс ё давлате лозим ҳаст, ки ба он оғоз бахшад ё нисбат ба он ташаббус нишон диҳад. Эҳтироми зиёд ба Тоҷикистон, ки барои оғози ин раванд ташаббус нишон дод», — изҳор дошт зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Оксана Синитсина, намояндаи Маркази илмии федералии беҳдошти ба номи Ф.Ф. Эрисмани Федератсияи Русия.

Оксана Синитсина нақши Раванди оби Душанберо аз он ҷиҳат муҳим шуморид, ки мушкилоти баррасишавандаи он дар маҷмӯъ ба ҳамаи давлатҳои ҷаҳон дахл дорад. Раванди оби Душанбе тадбирест, барои рушди минбаъда ва беҳтаргардонии вазъияте, ки ҳоло рух дода истодааст.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, Тоҷикистон бо иқдомҳои ҷаҳонии худ марбут ба обу иқлим, саҳифаи наверо дар рӯзномаи ҷаҳонии об боз намуд, ки ҳалли он ба кулли башарият дахл дорад. Ҷонибдорӣ ёфтани панҷ ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба обу иқлим худ баёнгари муҳим будани нақши Тоҷикистон дар ин масоил мебошад.

«Ман нақши Тоҷикистонро аз он ҷиҳат муҳим мешуморам, ки ин давлат ба ҳалли масъалаи об равшанӣ андохта, ҷомеаи ҷаҳонро даъват намуд, ки «биёед, ба ин масъала, ки хеле муҳим аст, диққат диҳем ва барои ҳалли мушкилоти он кореро анҷом диҳем!». Ман такроран мегӯям, ки ҳамеша дар ҳама кор, оғози он муҳим аст ва Тоҷикистон ин оғозро гузошт», — изҳор дошт О. Синитсина.

Номбурда афзуд, ки маротибаи дуввум ба Тоҷикистон омадааст, аз сафар ба дараи зебоманзари Ромит низ изҳори қаноатмандӣ карда,гуфт, ки халқи тоҷик аз имконоти табиат хеле мақсаднок истифода намуда, таомҳоеро омода мекунад, ки хеле болаззат ва манфиатнок ҳастанд.

«Аз ҳама муҳим ин аст, ки ман фикр мекунам мардуми Шумо хеле зебо ҳастанд. Ин зебоӣ, танҳо зебоии зоҳирӣ не, балки зебоии ботинӣ, зебоие, ки чӣ тавр инсон зиндагиашро дар атрофи худ тартиб медиҳад. Ба ҳамаи ин албатта, табиати зебои сарзамини шумо мусоидат мекунад», — афзуд ӯ.

Сурасрӣ Кидтимонтон: «Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба обу иқлим дар шароити имрӯза хеле муҳим ҳастанд»

«Ман фикр мекунам, ки ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба обу иқлим, дар шароите, ки иқлим дар тамоми олам тағйир меёбад, хеле муҳим ҳастанд. Онҳо бахусус барои насли ҷавон дар оянда, ҷиҳати идоракунии захираҳои об хеле муҳим ҳастанд», — изҳор дошт Сурасрӣ Кидтимонтон, Котиби генералии Идораи захираҳои миллии оби Шоҳигарии Тайланд зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Сурасрӣ Кидтимонтон, ки маротибаи аввал ба Тоҷикистон омадааст, аз сафари чандрӯзаи худ ба ин диёри саршор аз обҳои мусаффо ва кӯҳҳои сар ба афлок хеле хушҳол гардида, барои худ маълумоти зиёдеро кашф намудааст.

Номбурда Душанберо як «шаҳри сабз» дарёфта, гуфт ки дарахтони зиёди зебо ва гулҳои гуногунранг дар хиёбону роҳҳои он шинонида шуда, зебоии пойтахти тоҷиконро дучанд месозад.

«Ман қабл аз омаданам ба Тоҷикистон, дар бораи он танҳо тавассути шабакаи Интернет маълумот доштам, ки ин сарзамин дорои табиати зебо ва кӯҳҳои баланд мебошад. Аммо баъд аз омаданам ба мамлакати Шумо, шаҳомату зебогии ин давлати ташаббускори масоили обу иқлим, аз он чизе, ки дар тасаввури ман буд, бештар ба назар расид. Махсусан, маро он чиз ба ваҷд овард, ки дар пойтахти Тоҷикистон -шаҳри Душанбе, ин қадар дарахтон ва гулҳои зиёд шинонида шудаанд. Ман фикр мекунам, ки ин барои он давлатҳое, ки ҳайати онҳо ба Тоҷикистон сафар мекунанд, хеле муҳим аст», — иброз намуд ҳамсуҳбати мо.

Котиби генералии Идораи захираҳои миллии оби Шоҳигарии Тайланд таассуроташро аз сафар ба Тоҷикистон ва иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», хубу хотирмон арзёбӣ намуд.

«Барои ман, пеш аз ҳама, обҳои мусаффо ва хунуки диёри Шумо писанд омад. Ин имкон медиҳад, ки дар давлататон корхонаи ширмоҳиро ташкил кунед, зеро ин навъи моҳӣ оби хунукро хеле дӯст медорад. Ҳамчунин меҳмондории халқи тоҷик низ маро хеле ба худ ҷалб намуд. Ман аз чунин тарзи меҳмондорӣ ва аз буданам дар давлати Шумо хеле шод ва муассир гардидам ва дубора барои сафар ба Тоҷикистон хоҳам омад», — изҳор дошт номбурда.

Александр Мелтсер: «Иқдомҳои сатҳи байналмилалии Президенти Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳам овард!»

Мудири кафедраи тиббии профилактикӣ ва ҳифзи саломатӣ, муовини ректори Институти давлатии тиббии шимолу ғарби ба номи Мечникови Санкт Петербург Александр Мелтсер аз иштирокаш дар ин чорабинии сатҳи баланд изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки тавассути ин ҳамоиш ҷомеаи ҷаҳон дар атрофи масъалаҳои обу иқлим гирди ҳам омад.

«Об имрӯз дар меҳвари масъалаҳои муҳим қарор дорад ва хушбахтона Президенти Тоҷикистон тавонистаанд бо иқдомҳои сатҳи байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳам биёранд», — изҳор дошт Александр Мелтсер.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар муқоиса ба сафари қаблие, ки дар соли 2022, зимни баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амали об ба Тоҷикистон дошт, давоми ду соли охир дар Тоҷикистон пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд.

«Баъд аз ду соле, ки ман ба Тоҷикистон омадам, таваҷҷуҳи маро аз ҳама бештар сохтмони манзилҳои истиқоматии азим ба худ ҷалб намуд. Дуввумин чизе, ки таваҷҷуҳи маро ба худ ҷалб намуд, ин гузаштан ба таксии «сабз» мебошад, ки барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор хеле иқдоми саривақтӣ мебошад. Саввумин чизе, ки боиси ҷалби таваҷҷуҳи ман ба Тоҷикистон гардид, ин меҳмоннавозии хеле сатҳи баланди халқи тоҷик мебошад», — изҳор дошт мавсуф.

Александр Мелтсер аз мақоми пешбарандаи Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим дар минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, баргузор гардидани Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» — ро қадами навбатии созандаи Тоҷикистон дар баррасии ин масоил ном бурд.

«Он чизеро, ки ман вобаста ба об дар Конфронси сеюми оби Душанбе мушоҳида кардам, ин аст, ки Тоҷикистон воқеан ҳам яке аз роҳбарони идоракунандаи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Тасодуфӣ ҳам нест, ки дар ин конфронс теъдоди зиёди меҳмонон аз тамоми давлатҳои олам иштирок доштанд, ки масъалаи хеле муҳими марбут ба обро дар ҷаҳон баррасӣ кунанд», — таъкид дошт намояндаи Федератсияи Русия.


Александр Мелтсер сафарбар намудани ҳайати иштирокчиён-меҳмонони конфронсро ба нуқтаҳои тамошобоби Тоҷикистон иқдоми хуб номид. Мавсуф изҳор дошт, ки зимни сафар ба дараи Ромит ӯро ҳама чиз ба тааҷҷуб овард ва ҳар лаҳза як чизи нав барояш ошкор мегардид.

«Ман маротибаи дуюм аст, ба Тоҷикистон меоям ва ин навбат боз бештар Тоҷикистонро барои худ кашф намудам ва таасуроту хотироти нек гирифтам. Боз ҳам дар хусуси дараи овозадори Ромит гуфтаниям, ки ин ҷо бештар обҳои мусаффо лоиқи таҳсин аст. Дар ин ҷо мо сарчашмаи ҷиддии обро мебинем, ки воқеан ҳам ин сарвати гаронбаҳо барои аҳолӣ мебошад», — изҳор дошт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи Раванди оби Душанбе тақвият бахшидан ба саъю талошҳои муштарак ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид сабтшуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои об дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 буд.

Манижа БАҲРОМЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Душанбе-Ромит-Душанбе

Июнь 21, 2024 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
Намояндагони Тоҷикистон дар шаҳри Риёз дар Саммити об иштирок намуданд
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои иштирок дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе даъват гардиданд
«ҶАШНИ МЕҲРГОН» ВА «САНЪАТИ СОХТУ НАВОХТАНИ РУБОБ». Тоҷикистон ин номинатсияҳои муштаракро ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият пешниҳод намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем