Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 33 дараҷа гарм мешавад

Июнь 2, 2024 08:23

ДУШАНБЕ, 02.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш шуда, дар шаҳри Душанбе ҳаво 33 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11  дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои  тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 2, 2024 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Гурҷистон ва Арманистон мубодилаи донишу таҷриба менамоянд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бахшида ба он дар ноҳияи Нуробод бо сокинон вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор дар назар аст
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 65-уми Ассамблеяи Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар минтақаи Искандаркӯл давраи омӯзишии «Мубодилаи таълимӣ ва амалии намояндагони «Нозирони сабз» -2024» гузаронида шуд
Барои ҷавонони Тоҷикистон мактаби тобистонаи зиддикоррупсионӣ ташкил карда мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ДАСТОВАРДҲОИ ОН. Бо сокинону фаъолони ноҳияи Ҳамадонӣ вохӯрӣ доир шуд
12 ИЮЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО ТӮФОНИ РЕГУ ЧАНГ. Дар Тоҷикистон тибқи Барномаи «Мамлакати сабз» то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
«ЗИМЧУРУД». Дар ин ҷо 1000 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба вилояти Хатлон 13 электромотороллер тақдим намуд
Эълони Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» иқдоме дар роҳи худшиносии миллӣ аст