Кадоме аз муштариёни ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон бештар рақамикунонӣ шудаанд?

Июнь 6, 2024 11:10

ДУШАНБЕ, 06.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба мизоҷи ширкатҳои телекоммуникатсионӣ чӣ лозим аст, ки ӯ рақамишуда ҳисобида шавад? Нахуст, пайваста аз интернети мобилӣ истифода барад. Дуввум, дар ихтиёри худ маҷмуи максималии хизматрасонии рақамӣ дошта бошад. Дар асоси якчанд параметр маълум мешавад, ки истифодабарандагони нисбатан фаъоли “рақамҳо” дар мамлакати мо — муштариёни “МегаФон Тоҷикистон” мебошанд. Маълумот медиҳем, ки кадом далелҳо боиси чунин хулосабарорӣ мегарданд.

Суръати бештар

Аз сифати интернети мобилӣ шуруъ мекунем. Маҳз дар шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» моҳи марти соли 2024 суръати баландтарини миёнаи видеои мобилӣ — 5 Мбит/с ба қайд гирифта шуд. Вақти интизории боргирии акс ҳадди ақалл — 3 сония буд. Мувофиқи системаи таҳлилии Vigo (https://vigo.ru) аз дигар операторон аз 4 то 7 сонияро ташкил медод.

Сессияҳои бештар

Моҳи марти имсол теъдоди сессияҳои интернетии муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» ба 35 миллион расид. Ин назар ба дорандаи ҷойи дуюм дар “ҷадвали мусобиқот” қариб ду баробар зиёд мебошад. Ва нисбат ба оператороне, ки аз рӯи ин параметр ҷойҳои сеюм ва чорумро ишғол мекунанд, панҷ — ҳафт маротиба бештар аст.

Агар дар бораи динамикаи умумии истифодаи интернет дар шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» сухан гӯем, нисбат ба соли 2023  39% афзоиши трафики таҳвили маълумот ба қайд гирифта шудааст.

Видеои бештар

Муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бештар видео тамошо мекунанд. Аз рӯи теъдоди тамошо онҳо нисбат ба муштариёни операторе, ки аз рӯи ин параметр дар кишвар дар ҷои дуюм қарор дорад, якуним баробар зиёд ҳастанд.

Функсияҳои бештар

Аввалин оператори имконияти нави рақамӣ дорои имконоти васеи хизматрасониҳо аст. Онҳо дар замимаи мобилии «МегаФон Life» дастрас мебошанд. Бо ёрии он, масалан, харид кардани чиптаҳои ҳавопаймо ё филм, интиқоли маблағ ба корти бонкӣ дар Тоҷикистон ва ё хориҷи мамлакат, фармоиш додани дастраскунии маҳсулот ва доруворӣ дар Душанбе, дар вақти холӣ бозӣ кардан ва бурд намудани бастаи трафики интернет мумкин аст.

Тамоми ширкатҳои пешсафи телекоммуникатсионӣ замимаҳои худро доранд. Аммо онҳо асосан аз ҷиҳати функсияҳое, чун интиқоли маблағ байни ҳамёнҳои электронӣ, пур кардани тавозун ва пардохти хизматрасониҳои давлатӣ маҳдуд мебошанд. Чунин маҷмуи хизматрасониҳое, ки «МегаФон Life» дорад, дар ягон ҷо нест.

Истифодабарандагони бештар

Феълан, сокинони мамлакат аллакай қариб ду миллион маротиба SuperApp «МегаФон Life» — ро боргирӣ кардаанд — 1,7 миллион дар смартфонҳои дорои Android ва 230 ҳазор дар iOS. Замима ба даҳгонаи маъмултаринҳо дар кишвар байни ҳамаи Mobile App дохил аст. Ва муштариён онро на танҳо боргирӣ мекунанд — он ёвари ҳамарӯза дар ҳалли бисёр масъалаҳои рӯзмарра ба ҳисоб меравад. Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо соли 2023 танҳо афзоиши истифодабарандагони беназири ҳамёни мобилӣ дар «МегаФон Life»  40% -ро ташкил дод.

Дар хотима боз ду рақам: интернети баландсуръати 4G аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» барои 80% сокинони мамлакат ва хизматрасонии алоқа дар маҷмуъ ба 95% аҳолӣ дастрас мебошад. Қариб ҳар сокини Тоҷикистон метавонад муштарии “дар сатҳи баланд рақамишуда” гардад.

АКС: Ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Июнь 6, 2024 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба технологияҳои инноватсионии истихроҷ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун иқдоми экологӣ гузаронида шуд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Барои намояндагони расонаҳои кувайтӣ брифинг доир гардид
Доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Сокинони ноҳияи Лахш дар 5457 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони ноҳияи Спитамен дар 6490 гектар пунбадона кишт менамоянд
Huawei дар Берлин дастгоҳҳои нави пӯшидашавандаро муаррифӣ ва оғози давраи тозаи инноватсияро эълон намуд
Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Олмон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Дар Восеъ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ҳамоишҳои маърифатӣ доир карда мешаванд
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор шуд