Каха Имнадзе ба Ҳукумати Тоҷикистон барои даъвати тамоми ҷаҳон бобати таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба обшавии пиряхҳо ва ҳифзи захираҳои об изҳори сипос намуд

Июнь 12, 2024 08:23

ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Ман хеле шод ва сипосгузор ҳастам, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамроҳ бо созмонҳои зиёди ҷаҳонӣ чунин чорабинии васеъмиқёс баргузор намуда, тамоми ҷаҳонро ба таваҷҷуҳ ба чунин мушкилии муҳими ҷаҳонӣ, ба мисли обшавии пиряхҳо ва ҳифзи захираҳои обӣ даъват менамояд», — гуфт намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиёи Марказӣ, роҳбари Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе 10 июн дар доираи Форуми байналмилалии пиряхҳо дар Душанбе.

Каха Имнадзе изҳори боварӣ намуд, ки Осиёи Марказӣ дар таҳқиқ ва ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд.

«Конфронси байналмилалӣ ба мо имкон медиҳад, ки ба кори худ афзалият дода, нуктаҳои муҳимеро, ки ногузир ба онҳо бояд таваҷҷуҳ кард, таъкид намоем. Моро зарур аст, ки равишро дар рушди ҳифзи захираҳои об муайян намуда, ҳамкории байналмилалиро дар ин самт таҳким бахшем, ташаббус нишон дода, дар ҳифзи сайёраамон саҳм гузорем, зеро бо мушкилоти иқлим мушкилии саломатии инсон низ ба миён меояд. Умед дорам, ки конфронс самари хуб ба бор меорад ва мо барои ҳифзи захираҳои обии ҷаҳон тадбирҳои нав меандешем», — иброз намуд ӯ.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 12, 2024 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст
Оид ба омӯзиши яхбандии абадӣ экспедитсияи байналмилалии илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода шуд
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус
ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳо дар ин маврид
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҶАҲОНИИ ЭКОЛОГӢ: аз обу иқлим то зеҳни сунъӣ. Андешаҳо дар ин маврид