КАМЕРАҲОИ ХУДКОРИ ДУШАНБЕ. Марҳилаи аввали сабти қоидавайронкуниҳо оид ба таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 25.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 июн марҳилаи аввали сабти қоидавайронкуниҳо оид ба таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт дар истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятии ҳудуди шаҳри Душанбе шуруъ гардид. Камераҳои худкор қоидавайронкуниро дар вақти аслӣ ба навор гирифта, барои мушаххас кардани навъи қоидавайронкунӣ ба марказ интиқол медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Камераҳои мазкур дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», рушди ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» лоиҳаи «Rexgen» – (Рексҷен) ба кор оғоз кард.
Лоиҳаи «Rexgen» – (Рексҷен) сабти қоидавайронкуниҳо оид ба таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт дар истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятии ҳудуди шаҳри Душанберо дарбар мегирад.
Ин низом сабти видео ва аксбардорӣ ҳолатҳои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла таваққуфи нодурусти автомобилҳо дар истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятиро сабт мекунад.
Сабти навор, аксгирӣ, ошкорсозии қоидавайронкунӣ ва ҷаримабандӣ вазифаи асосии камераҳои ҷамъияти «Насли дигар» мебошад. Ин низом дар шаҳри Душанбе давра ба давра дар се марҳилаи татбиқ мегардад.
Зимни ба истифодадиҳии марҳилаи аввал масъулон бо технологияи муосири истифодашуда дар иншооти наворбардории канори роҳ муаррифӣ ва дар бораи имкониятҳои интеллектуалии он шинос гардиданд.
Фаъолияти низоми нави сабти қоидавайронкунӣ имкон медиҳад, ки мушкилоти ташкили таваққуфи сунъӣ дар дохили истгоҳи найқлиёти ҷамъиятӣ бартараф шавад ва низоми дурусти ҳаракати нақлиёт дар пойтахт таъмин гардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе










Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






