«КОХИ НАВРӮЗ»-МУЪҶИЗАИ МУОСИРИ САЙЁҲӢ. Ва ё шоҳкории даврони истиқлол, ки бо иқдоми Президенти Тоҷикистон бунёд шудааст

Июнь 2, 2024 08:56

ДУШАНБЕ, 02.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Шаҳри Душанбе симои сайёҳии мамлакат маҳсуб шуда, дар он имконияти мусоид баҳри таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонон фароҳам оварда шудааст.

Бо мақсади муаррифи бештари иншооти сайёҳии пойтахт АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки дар ҳамкорӣ бо шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ин маводро таҳия намояд. 

Маҷмааи «Кохи Наврӯз», ки дар офаридани он 4 000 усто аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон саҳм  гузоштанд, бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст. Лоиҳаи бино аз ҷониби меъмор Самӣ Азизиён таҳия шудааст. Устоҳо барои тарроҳии маҷмаа ва толорҳои он аз ҷониби Бунёди рассомии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи мусаввирии Тоҷикистон ба ҳам  оварда шуд. Бино аз 5 ошёна иборат аст, ки аз онҳо 15 айвони хурду калон баромада меистанд. 40 ҳазор м2 масоҳати уфуқӣ ва амудӣ бо нақшҳо, витражҳо, кандакорӣ ва гаҷ оро дода шудааст.

Ин маҷмаа дорои се гунбази калон ва якчанд гумбази хурд мебошад. Гумбазҳо аз берун бо кошинкорӣ ва аз дохил бо наққошӣ оро дода шудаанд. Девори берунии тарафи пеши бино бо хоросанг пӯшонида, даромадгоҳ бо пештоқи гачкоришуда оро дода шудааст. Дар қисми марказии даромадгоҳ шаршараи сунъӣ бо муҷассамаҳои ҳайвоноти гуногуни нодири Тоҷикистон бунёд гаштааст, ки ин манзара рамзи мавзеъҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ мебошад.

Бинои маҷмаа аз 12 толор иборат аст. Дар 5 толор муассисаҳои ҷамъиятӣ – 2 чойхона, театри синамо, толорҳои билярд ва боулинг ҷойгир шудаанд. Ду толори “Кохи Наврӯз” барои ташрифи меҳмонон ҳоло дастрас нестанд. Панҷ толори боқимонда барои меҳмонон кушода мебошанд, ки яке аз онҳо барои гузаронидани маросими тӯёна ба иҷора дода мешавад.

Маҷмаа бинои хусусӣ буда, ҳамзамон дар зери ҳимояи давлат қарор дорад. “Кохи Наврӯз” як туҳфаи арзанда ба халқ аз ҷониби соҳибкорони кишвар мебошад. Баъди саммити дар Душанбе баргузоршудаи Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар он роҳбарон ва намояндагони 27 кишвар иштирок доштанд, он  ба сифати ҳаштумин муъҷизаи ҷаҳон дар Осиёи Марказӣ пазируфта шуд. Дар “Кохи Наврӯз” тамоми намудҳои санъати вижаи ороишӣ ва амалии мардуми тоҷик пешниҳод шудааст.

Толори оинабандӣ. Нахустин чорабиние, ки дар ин толор баргузор гардид, саммити Созмони ҳамкории Шанхай буд. Парчамҳои кишварҳо дар деворҳои оинадори толор рӯйдоди таърихӣ – хотира аз ин саммит боқӣ мондаанд.

Толори «Гулистон». Бо кандакорӣ дар чӯб оро дода шудааст. Барои сохтмону тарроҳии он аз дарахти кедр – ҷалғузаи Новосибирск истифода бурдаанд. Масоҳати толор 6500 м2-ро дар бар мегирад. Толорро қандили 3-тоннагӣ, ки имкони пасту баланд шудан дорад, равшан менамояд. Дар ороиши толор аз кандакорӣ дар гаҷ ва оина истифода бурдаанд. Сутунҳои кандакоришуда бо истифодаи технологияи қадимӣ бе истифодаи мехҳо сохта шудаанд. Онҳо шаклан бо асбоби мусиқии миллии ”карнай” шабоҳат доранд. Сутунҳо аз ҳамдигар бо нақшҳояшон фарқ мекунанд.

Дар ин толор ҳунармандон кӯшиш намудаанд, ки ҳама намудҳои кандакориро дар чӯб нишон диҳанд: барҷастаи муқарнас; ҳамвор; чуқур; дутарафа; рӯйбаста. Дар девори ин толор дарахти ҳаёт тасвир шудааст, ки дар динҳои гуногун маънои муайян дорад. Масалан, дар Ашшур, Дарахти ҳаётро Ашер меномиданд ва он макони ибодати гузаштагон буд. Дар ислом онро ба се қисм тақсим намудаанд: 1) решаҳо – рамзи яккахудоӣ мебошад; 2) тана ва шохҳо – итоат ба Худои ягона; 3) меваҳо – хушбахтие, ки Худо ба мусулмонон ҳадя мекунад.


Фарши (паркети) толорро аз 94 навъи дарахт бунёд кардаанд. Дар сатҳи фарш нақшҳои анъанавии тоҷикон ва инчунин нақшу нигори мазмунашон ориёӣ ва зардуштӣ тасвир шудааст. Дар девори толор тасвири Нишони миллии Тоҷикистон бо оби тилло андуда шудааст. Толор бе сутуни асосии марказӣ сохта шудааст. Бари толор 36 метр, баландиаш 46 метр аст. Ин толор бебаҳо аст, зеро ҳамаи ҷузъҳо дастӣ иҷро шудаанд. Ба шарофати оинаҳо дар толор асари равшании беруна ташкил карда шудааст. Толори “Гулистон” танҳо барои қабули расмии давлатӣ истифода мешавад.

Толори “Зарандуд”. Ин толор танҳо барои маҷлисҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо ҳамаи дарҳо дастӣ сохта шудаанд ва нақши онҳо такрор намешавад. Барои сохтани ин дарҳо аз ҷалғӯзаи сурх истифода бурдаанд. Дар толор як қандили булӯрини вазнаш 6,7 тонна ҳаст, ки дорои 1600 чароғ мебошад. Ин қандил бо дизайни ҳунармандони тоҷик аз булӯри мисрӣ сохта шудааст. Дар қисми болои он ҷузъҳои аз тиллои варақӣ сохташуда мавҷуданд. Деворҳои толорро тоҷи тиллогии дорои ҳафт ситора ва кандакорӣ дар гач оро медиҳанд. Сарсутунҳо ва деворҳои толор бо тилло оро дода шудаанд, ки аз ин рӯ онро толори “Заррин” ҳам меноманд.

Ин толор дар таркиби маҷмаа баландтарин мебошад, ки гунбази азимтаринро дар бар мегирад. Дар паҳлуи толор 4 утоқи оинабандии барои фароғат пешбинишуда ҷойгиранд. Дар ин ҳуҷраҳо дар яке аз деворҳо Нишони миллии Тоҷикистон бо ёрии сангҳои сваровски тасвир шудааст.

Толори “Аржанг”. Дизайни пештоқҳои ин толор, ки масоҳати 1650 м2 дарбар мегирад, аз ороиши мақбараи Сомониён дар Бухоро бардошта шудааст. Дар толор акси Президенти Тоҷикистонро бо модарашон, инчунин тасвири симурғ, ки бо истифода аз техникаи кошинкории флорентӣ иҷро шудааст, метавон дид. Сутунҳои толорро аз чӯби ҷалғӯза барпо намудаанд. Дар маркази ҳуҷра гунбаз мавҷуд аст, дохили онро кандакорӣ дар чӯб оро медиҳад. Аз шифти гунбаз қандили вазнаш 3,2 тонна овезон аст. Нақши шифти ин гунбаз дар дигар толорҳо такрор намешавад.

Ороиши толор бо 29 намуд сангҳои маҳаллии нимқиматбаҳои табиӣ ба иҷро расидааст: санги сулаймонӣ аз Шаҳринав, мармари даштак аз Ванҷ, лоҷувард аз Помир, туфсанг ва санги габра аз ноҳияи Спитамен, мармари Панҷакент ва ғайра. Миқдори умумии сангҳои истифодашуда (бе назардошти хоросанг ва мармар) 52 тоннаро ташкил мекунад.

Толори панҷум “Дидор” ном гирифта, пурра бо мусаввара, кандакорӣ дар гач ва чӯб нақшин карда шудааст. Устувории рангҳои табиии истифодашуда 100 солро ташкил мекунад.

Дар бинои “Кохи Наврӯз” боз ду толори оинабандӣ мавҷуд аст, ки мутаассифона, барои тамошо баста мебошанд. Дар иҷрои нақши биноҳо ҳунармандони зиёд кор кардаанд, аз ҷумла, Маҳмадкарим Каримзода, Азиз Рақибов, Равшан Рақибов, Комрон Каримзода, Далер Содиқов, Маҳмадсаид Ҷумъаев, Алишер Ҷумъаев, Рустам Сангинов бо шогирдонашон ва дигарон. Бештар нақшу нигоре вомехӯрад, ки ҳамчун “ислимӣ” ва “гиреҳ” маъруфанд.

Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии “Кохи Наврӯз” қаблан ҳамчун чойхонаи бузургтарин дар Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шуда буд ва дар рафти сохтмон он ба қасри бошукуҳи таърихиву фарҳангӣ, осорхонаи маданиву равшаннамоӣ ва дорои ҳунарҳои мардумӣ табдил ёфт.


Ҳамагӣ дар атрофи Қаср 6 фаввора вуҷуд дорад ва дар мобайни онҳо суҳбатҷойҳо бо сутунҳои баландболо ва гунбаздор сохта шудаанд. Тибқи лоиҳа дар бино 22 гумбаз вуҷуд дорад, аз он: 1 дона бо андозаи 36 метр, 1 дона бо андозаи 18 метр, 4 дона бо андозаҳои 8 метр, 4 дона бо андозаҳои 4 метр ва 12 дона бо андозаҳои 2 метр мебошанд. Диққати асосиро дар тарзи ба ландшафтдарории мавзеи атрофи маҷмаа низ бо шинондани гулу дарахтони нодир, ки бунёди боғҳои афсонавиро мемонад, ба монанди: секвоя ва буксус (навъе аз дарахтони бисёр калони сӯзанбарги ёбоии Америкаи шимолӣ), шоҳбулут, заранг, магнолиёи ҳамешасабз (гулҳои сафеди хушбӯй дорад), санавбар, сарв ва дарахти тус (берёза) ҳар як бинандаро ба худ ҷалб менамояд.

Маҷмааи “Кохи Наврӯз”, бо 5 блок (қисматҳо): А, Б, В, Г ва Д лоиҳабандӣ ва ҷудо карда шуда, дорои 15 толори хурду калон мебошад. Толорҳои калонтарин ва асосии маҷмаа инҳоянд: “Зарандуд”, “Гулистон”, “Дидор” ва “Аржанг”. Дар умум, бино аз 2 ошёна, таҳхона,таваққуфгоҳ барои 250 мошин, 1 ошхонаи калон, сехи асосӣ (ошхонаи хӯроки гарм) барои дар як баст ба 3000 мизоҷ омода намудани хӯрок, сехҳои қаннодӣ, марказҳои дилхушии ҷавонон, клубҳо, 9-то лифт, аз онҳо: 1 лифти манзаравӣ, 4 лифти одамбаро ва 4 лифти борбардор иборат мебошанд.

Меъмори шинохта онро ба чор блок тақсим кардааст:

  1. Блоки А. Аз қисмати шимолу шарқӣ, чойхона барои 350 ҷои нишаст пешбинӣ шудааст ва дар шифти ошёнаи якум чӯбкории дорои рангҳои гуногун расми “шерози тоқӣ” аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо назардошти урфу одати мардуми маҳалҳо ҳаккокӣ гардидааст. Аз дохили чойхона ба ошёнаи дуюми он бо зинапояҳои чӯбин (аз чӯби кедр сохта шудаанд) баромадан мумкин аст. Толор дорои сутунҷуфтҳо буда, дар болои ҳар яки онҳо “Ситораи 7-гӯша” дар баландии аз 7 метр боло, андозаҳои 1,20 х 1,20 м. аз сграффито пайваст шудааст. Дар ошёнаи 3-юм толори саққобозӣ (биллярд) бо ҷойи нишаст, қаҳванӯшӣ ва ҳоҷатхона мавҷуд аст. Дар ошёнаи 4-ум толори боуллинг бо санъати оинабандии деворҳо ва ВИП-ҳуҷра бо андозаҳои 8м. х 8м. х 8м. тариқи лоиҳабандӣ барои меҳмонони олиқадр сохта шудааст.
  2. Блоки Б. Ин даромадгоҳи асосӣ дар қисмати шимолӣ аст, ки бошукуҳ ва аз сатҳи 0,00 дар баландии 2,60 метр бо зинапояҳо баромадан лозим меояд. Дар он ҷо бо баландии 45 метр гунбази марказӣ қарор дошта, ба тарзи миллӣ наққошӣ (наққош – рассом, суратгар, мусаввир, ҳаккок ва кандакор аст) шудааст. Шаршараи 18-метра низ саҳни даромадгоҳро оро медиҳад, ки нишон аз дороии захираҳои обӣ дар Осиёи Миёна ва ташаббускори байналмилалии соҳаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ буданро нишон медиҳад. Як қандили калон бо дарозии 27 метр ва диаметри 7,20 метр кашол карда шудааст. Аз ду тарафи даромадгоҳ мудирияти Маҷмаа бо 5 ошёнаву ҳуҷраҳои корӣ, қаҳвахонаи хурд, ҷои истироҳат, бойгонӣ, ҳуҷраҳои хоҷагидорӣ ва ғайра паноҳкардашуда, сохта шудаанд
  3. Блоки В. Дар ошёнаҳои 1 ва 2 тарабхона барои 250 ҷои нишаст, ҳуҷраи мудирият, ҳоҷатхона ва ҷои хӯрокхӯрии росто (бар) лоиҳабандӣ шудааст. Дар ошёнаҳои 3 ва 4 кинотеатри 3D барои 160 ҷои нишаст, мудирият, хонаи истироҳатӣ ва қаҳвахона пешбинӣ гардидааст. Илова, дар ошёнаи 4 кинотеатри 4D ва 5D бо ВИП-ҳуҷра, андозаҳои 8м. х 8м. х 8м. бо шишаҳои ҳарранга оинабандӣ гардидааст.
  4. Блоки Г. Толори “Дидор” аст – дар маъхазҳо бо маънои дидан, нигоҳ, нигаристан, мулоқот намудан, чеҳрабинӣ, дидорбинӣ, рӯйбинӣ, вохӯрӣ кардан, муштоқи дидор будан омадааст. Пеш аз маросими ифтитоҳи расмии “Кохи Наврӯз” ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид ва Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ҳамин толор бо сарони давлатҳои аъзо ва нозири СҲШ дар фазои амну осуда ва дӯстию рафоқат дидорбинӣ ва мулоқоти расмӣ намуданд.

Ин толор дар ошёнаи якуми “Кохи Наврӯз” ҷойгир буда, масоҳати 1108 метри мураббаъро доро мебошад ва бо санъати меъмории кундал (нақшест дар матоъ, ки баъдан ба девор гузаштааст ва аз дидани зебоии он кас дар ҳайрат мемонад. Ин калима шояд аз “кунда” гирифта шуда бошад. Ба ҳамин маъно матоеро занҳо кундал меноманд), ки ба асри ХV-и мелодӣ рост меояд ва он наққошӣ, гаҷкорӣ, вассаҷуфт (ин васта аст дар шифт, ки онро ба шакли ҷамъ дуто-дуто мегузоранд, ҳам зеб медиҳад ва ҳам шифт пурқувват мегардад, балка), наққошӣ дар рӯи оинаро мефаҳмонад, сохта шудааст. Нақшҳо сирф тоҷикӣ буда, гувоҳи соҳибҳунар будани мардуми тоҷиканд (ҳунар – маънои маҳорату қобилияту кордонӣ, касбу пешаро дорад), ки то ба даврони мо омада расидаанд. Фарши толор пурра бо санги суфташудаи хоро ороиш дода шуда, дар он санъати миллӣ дарҷ гардидааст. Аз дохили толор ба ошёнаи 2-юм баромадан мумкин аст ва ошхона гӯшаи тақсим намудани хӯрокҳо, ҳуҷраи мудирият, ҳоҷатхона ва ғайраро дар бар мегирад. Ҳар як сутун аз сангҳои пурқимати тамоми сарзамини Тоҷикистон оварда ва коркард карда, гирдобагирд васл шудаанд. Дар болои сутунҳо ба монанди сталактит (ин намуди пайдошавии санг танҳо дар ғорҳо ба вуҷуд омада ва дида мешаванд) бо меъмории замони муосир пайваст карда шуда, дар болои ҳар як сутун оварда шудаанд. Ҳамчунин, дар байни сутунҳо меҳробҳои нимдавраро низ ҷой дода ва даруни онҳо ҳам чун сталактит ҳаккокӣ карда шудаанд. Дар болои ҳар як меҳроб нишони аз ҳама беҳтарини миллат, яъне ТОҶ шинонда шудааст.


Дар ошёнаи дуюм, ки аз толори асосӣ намоён аст, перила (панҷара, қаторамаҳҷар) бо кандакории чӯбини ду чоркунҷа болои ҳам нақши ҷамъ, ки он чоркунҷаест бо рамзи Офтоб ва зиндагӣ, маънои чархофалакро дорад. Шифти ошёнаи 2 бо нақшҳои марказии Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ дар болои кӯҳсори сар ба фалаккашидаи пур аз барфи тоҷик ороиш дода шуда, аз тарафи чап даврони куҳан: мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб, чархофалак бо кӯзаҳо, шабеҳ ба соли ОБ, бо шаст ҷорӣ шудани оби кӯҳ ва ба ҳунари миллӣ – чакан табдил ёфтани он, мадрасаи Абдулатиф дар шаҳри Истаравшан, мақбараи устод Рӯдакӣ дар деҳаи Рӯдак, ноҳияи Панҷакент ва тамоми мероси ниёгонамон наққошӣ ва чӯбкорӣ карда шудааст. Аз тарафи рост, даврони навин: маҷмааи Исмоили Сомонӣ, Парчами миллӣ, Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ, биноҳои баландболои истиқоматӣ, сарсабзию хуррамии мамлакатамон наққошӣ ва чӯбкорӣ карда шудааст. Ҳар ду нигораҳо, бо дарназардошти дар ҳар 1000 сол миллати тоҷик бо пайдо гардидани фарзанди фарзонааш оламгир гаштааст: Сосониён, Сомониён ва Раҳмониён. Дар ошёнаи 3-юм толори “Гулистон” аст – дар маъхазҳо бо маънои мавзеи рӯйидан ва парвариши гулҳо, гулбоғ, гулзор, ҷои ободу сарсабз омадааст. Ин толор бо баландии 18 метр, масоҳати 1650 метри мураббаъ доро мебошад. Тамоми фаршу шифт, девор, сутунҳо ва меҳроби толор аз чӯби кедр (чӯби сурху сахт аст) бо нақшу нигори миллӣ тариқи наққошӣ ва кандакорӣ ороиш дода шудааст. Дар девор, шифт ва қафои чӯбкорӣ карда шуда, сараввал оинабандӣ карда шудаанд. Бурриши кӯндалангии ин қисмати лоиҳа нишон дод, ки дар шифти толор аз чор тараф фермаҳои зиёда аз 1,5-метра болои девор хобонда шуда, ба шакли ҷамъ кандакорӣ шуда, қисмати дарун ва ё дохили байни фермаҳо аз гулҳои чӯбин бо кандакорӣ дарун дароварда шуда дар байни ҳар кадомашон беҳтарин нақшҳо ҷойгир шудаанд. Услуби сӯхторхомӯшкунӣ низ мавриди таваҷҷӯҳ қарор дорад, чунки масолеҳи истифодашаванда ба сӯзиш тобовар нест. Ин масъала низ ба нақш (нақш – рангҳои гуногун, ки дар рангрезӣ ё наққошӣ дар матоъ боқӣ мемонад. Он расм, сурат, тасвир, лоиҳа ва тарҳро низ мефаҳмонад ва ба тарзи сарнавишт, тамсолу шакл, намуду тарз низ омадааст) ворид гардида, бо дуруст ҷойгир намудани таҷҳизот онҳо ноаёнанд. Аз дохили толор, дар як гӯшаи алоҳида барои тақсимоти хӯрок ошхона ҷойгир аст, ки он ҳуҷраи мудирият, ҳоҷатхона ва ғайраро дар бар мегирад. Дар толор санъати кандакории халқи тоҷик таҷассум ёфта, гувоҳи ҳунарманд будан ва шаҳодати анъанаҳои бой ва ҳунарҳои мардумӣ доштанро мефаҳмонад. Ҳатто системаи ҳавокаши толор(ҳамаи толорҳои маҷмаа) дар нақш дароварда шуда ва дар паси ҳар як гули кандакоришуда ҷойгир ва нонамоёнанд.

Дар ҳамин ошёна, толори хурд, ВИП-ҳуҷра бо андозаҳои 7м. х 7м. х 7м. бо шишаҳои ҳарранга, оинапораҳо ва нишон додани парчами панҷ давлати аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Русия, Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва парчами Созмони Милали Муттаҳид пурра оинабандӣ карда шудааст.

Дар ҳамин қабат, толори дигари бо ном “Зарринтоҷ” вуҷуд дорад ва бо тамоми санъати меъмории навин ороиш дода шуда ва толори саҷҷобозию боулинг низ ҳамқадами замон будани Тоҷикистони моро нишон медиҳад.

  1. Қисми Д. Толори “Аржанг” аст – дар маъхазҳо бо маънои сурати зебо, лавҳаи наққошӣ, нақшу нигори беҳтарин омадааст. “Аржанг” номи китоби Монӣ ҳам ҳаст, ки он дорои сурат ва нақшҳои гуногун будааст. Дар ошёнаҳои 1 ва 2-и толор ошхона лоиҳабандӣ ва сохта шудааст, ки он бо гӯшаи тақсими хӯрокҳо, ҳуҷраи мудирият, ҳоҷатхона ва ғайраро дар бар мегирад. Аз дохил ба ошёнаи 2 тариқи зинапояи аз чӯби кедр бо кандакории миллӣ сохташуда баромадан мумкин аст.

Ин толор, масоҳати наздик ба 1000 метри мураббаъ мебошад. Дар он зиёда аз 29 намуд сангҳои нимқиматбаҳои тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар девору фарши маҷмаа ба монанди: лоҷувард, санги сулаймонӣ (оникс), яшмаи сабз, афит, мармари сафеду сурх (мармари сафед аз ҷойгоҳи Пои мазори пиряхи Федченкои қуллаи Исмоили Сомонӣ), гранит бошад аз ҳад зиёд, дар ҳаҷми зиёда аз 52 ҳазор килограмм истифода бурда шудааст. Махсусан, деворҳои даруни бино аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳуриамон сангҳо оварда шуда ва дар мавзеи сохтмонӣ онҳо коркард ва истифода шудаанд. Чор деворнигора (пано), ки дар девор бо санг чинда шудаанд, аз рӯйи асари Камолиддини Беҳзод – рассоми барҷастаи халқи тоҷик, ки дар асри ХV зиндагӣ ва фаъолият кардааст, бо сангҳои дасттарош ва такрорнашавандаи тасвир амалӣ карда шудаанд. Аз дохил, болои дари даромадгоҳ аз сангҳо расми уқоб бо андозаи 3,0 х 1,40 метр чинда шудааст. Шифти толор бо услуби кандакорӣ бо чӯби кедр аз ҷониби устод Азизиён Солӣ ва гурӯҳи ӯ эҷод карда шудааст. Ягона толор аст, ки фарши он пурра аз сангҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон оварда ва ҳаккокӣ шудаанд. Дар болои лифт, нигораи “Дуои модар”, ки дар он расми Ҷаноби Олӣ бо модарашон ҳастанд, бо сангҳои худӣ парчин шудаанд. Тавассути лифт, як ошёна боло ба берун – болои бом баромадан мумкин аст, ки баромадан замон панорамаи шаҳр ба назари бинанда кушода шуда ва давродаври гунбази калон гашта тамоми шаҳрро наззора намудан ба кас муяссар мегардад. Шабона, дар қисматҳои ҷануб, ғарб ва шарқи маҷмаа акси биноҳои баландошёнаи замони муосир чашми бинандаро об медиҳанд ва ҳамзамон, дар се фасли сол, баҳор, тобистон ва тирамоҳ зери чатрҳо ҳамин мавзеъ ҳамчун чойхона-қаҳвахона истифода карда мешавад ва асосӣ дар ҳавои кушод мондани майдони гирди гунбаз низ тариқи лоиҳабандии сармеъмори лоиҳа Азизиён С.С. мебошад. Панҷараҳои гирду атрофи долон бо баландии 1,30 метр буда бо гранит рӯйпӯш карда шуда, амнияти мизоҷонро таъмин менамояд. Оби аз барфу борон пайдо гашта тариқи обпартои алоҳида дорои диаметри 150 мм. ба поён партофта мешавад. Буриши кӯндалангии бом аз поён ба боло чунин аст: қабати бетони маркаи 350 гирифта 0,18 метр, ду қабати ҳимоявӣ бо рубероид, тӯри симин бо андозаҳои 0,10 м. х 0,10 м., бетони маркаи 350 қабати 0,08 метр, ширеши сохтмонӣ (клей) ва гранити 0,015 метр. Тибқи риояи дурусти меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ ба ошёнаи поёнӣ об намегузарад.

Лифти толор бо баромадан ба бом – тарафи берун, дар ошёнаи 2 – тарафи дарун, дар ошёнаи 3 – тарафи толор ва дар таҳхона – тарафи дарун ва берун кушода мешавад. Беҳтарин навъи лифт бо андозаҳои тозаи дарунӣ 2,10 м. х 2,10 м. васл карда шудааст.

Дар ошёнаи 3-юм толори “Зарандуд” аст – ин калима дар маъхазҳо бо маънои зарҳалӣ, зарнигор, зарҳал ё оби тилло давондашуда омадааст.

Толори бошукӯҳ ва барҳаво бо санъати гачкорӣ дар рӯи оина дар омехтагӣ бо гаҷкорӣ ва тиллокорӣ ороиш дода шуда, дарозӣ, паҳно ва баландии он андозаҳои 36 метрӣ доранд. Қутри қандиле, ки дар он мавҷуд аст 10 метр ва баландияш 22 метр буда, зиёда аз 6700 килограм вазн ва 1600 чароғаки каммасраф васл гардидааст. Қандил технологияи махсусе дорад, ки барои тоза кардан, иваз кардани чароғакҳо ва дигар корҳои техникӣ поён фароварда ва ба боло бароварда мешавад. Вобаста ба рамзи 16 (Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он 16 ноябри соли 1992 барпо гардида буд, дар назар аст – муаллиф), даруни толорро 16 ва 16 ва 16 лоиҳабандӣ кардаанд. Яъне толор пурра бо гач (гач ва ё гаҷ– ҳарду калима дуруст аст, сангест, ки онро дар қӯраи оташ пухта, дар бинокорӣ истифода мебаранд. Наққошӣ бо гач – гачкорӣ дар дохили он зиёда аз 6000 метри мураббаъ корҳои дастӣ ба анҷом расонида шудаанд. Дар берун (қисмати ҷанубии маҷмаа) боз 16 сутуни баландиашон ҳар яке 16 метр ва 10 сутун бо баландии 23 метр бо вазни ҳар яке 20,0 тонна мавҷуд буда, дар болои онҳо 16 нимгунбаз ҷой дода шудааcт. Инчунин, дар мобайни ҳар як сутунҳои толор бо санъати беҳамтои меъморӣ, кандакорӣ, гачкорӣ ва наққошии мардуми тоҷик, 16-тогии дигар Карнай, Меҳроб, Гунбаз, Равоқ, Ҳавокаш, Тиреза, 15 Тоҷ ва як Нишон сохта шудааст.

Инак, гуфтаҳоро шарҳ медиҳем:

– Карнай – асбоби мусиқии баландовоз аст, ки аз биринҷӣ (бронза) сохта шудааст ва танаи он борики дароз ва қисми даҳонаш махрутишакл мебошад, дар маросими тантанавӣ, тӯйҳо ва дар аввали саршавии ҷангҳо низ ба кор бурда карда мешуд, аввал табл зада, баъд овози карнайро мебароварданд;

– Меҳроб – дар даруни девори масҷид тоқест, ки ба гунбаз монанд ва рӯ ба тарафи Макка сохта ё гузошта мешавад ва ҷои истодани имом аст, намозхонон ҳангоми намоз ба ҳамон тараф нигоҳ карда тиловат мекунанд. Дар номгузорӣ номи Меҳробро зиёд истифода мебаранд. Номи подшоҳи Кобул, ки падари модари Рустам аст:

Аз ин мебарояд, ки пеш аз он, ки калимаи “меҳроб” ба масҷид дарояд, сараввал Меҳроб ҳамчун ном дар забони мардуми форсу тоҷик буд;

– Гунбаз – меъмории форсу тоҷик барои худ анъанаҳои меъмории гунбазшаклро дар давраҳои пешазисломӣ кашф карда буд, танҳо он гунбазҳо аз набудани масолеҳи чӯбин ва ё аз камчинии чӯб дар тамоми давраҳои таърихӣ боқӣ мондааст. Ҳамон қатшавиҳои нимконус монанди сохтмонҳо ба он оварда расонид, ки гунбазҳои 6 ва 8-кунҷа шаванд. Мустаҳкамии конструктивӣ конструксияҳои калони ин намудҳоро таъмин гардонид ва дар натиҷа гунбазҳо пешрави санъати меъмории сарзамини форс гардиданд. Дар ин раванд, яке аз бузургтарин маҷмааҳо ин мақбараи (мавзолей) Сомониён дар маркази шаҳри қадимӣ-таърихии Бухоро (Ӯзбекистон) дар асри Х мегардад, ин ба стандарти асоси созиши гунбазҳои давравӣ ва кунҷдор ҳаккокӣ шудааст. Он аз тарафи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар соли 868 дар болои қабри падараш Ахмад ибни Асад сохта шуда, асрҳои зиёд аз чашми бегона дар таги рег мемонад ва ҳолати аввалаи мақбара то ҳол нигоҳ дошта шудааст. Мақбараи Сомониён – яке аз ёдгориҳои қадимтарин, шоҳкории санъати монументалии Осиёи Миёна, беҳтарин бинои меъмории дунё буда, соли 1993 дар рӯйхати иншооти умумиҷаҳонии мероси ниёгони ЮНЕСКО ворид гардидааст. Ба ҳамин монанд, аз асри ХI ин ҷониб дар саросари Морвароуннаҳр ва Хуросон дар тамоми сохтмонҳо, Масҷиду мақбара, оромгоҳҳо ва мадрасаҳо, ҳатто дар сохтмони ҳаммом дар қасри шоҳони Ҳулбук дида мешаванд. Баъди истилои араб(охири асри VII), сар карда аз сарзамини Сурия ва Фаластин, арабҳо устоҳои маҳаллиро маҷбур сохтанд, ки биноҳои гунбазшаклро дар биноҳои худашон созанд ва баъдан дар дунёи ислом гунбаз яке аз мавқеҳои хосаи биносозӣ – масҷиду мадрасасозиро пайдо намуд, шакли гунбаз дар дохили бино дар болои меҳроби масҷиду мадрасаҳо ҳам пайдо гашт. Дар Қоҳира дар муддати 250 сол қариб 400 гунбаз барои пӯшонидани қабрҳои султон ва амирҳо сохта шудаанд.

Дар асри ХI дар ҷаҳони исломӣ бузургтарин гунбази иҳотавӣ дар масҷиди ҷомеи Исфаҳон соли 1086 аз тарафи Низом-ул-мулк бо хишт сохта шуда буд, ки 8 қабурға дар гунбаз дошт ва шакли нави кунҷҳои гунбази ба дарун кашидашуда бо ду гунбази нигоҳдорандаи гунбази асосӣ дошт. Баъдтар, соли 1088 Тоҷ-ал-мулк, ки рақиби Низом-ул-мулк буд, дар муқобили кунҷи дигари ҳамон масҷид бо дороии кунҷҳо (қабурғаҳо)-и зиёди монанд ба ситораи панҷкунҷа гунбаз бунёд мекунад. Чунин устувор гардидани шакл ва қувватнокии гунбазҳо ба дар оянда низ ҳамвора бунёд гардидани онҳо оварда расонд ва сабаби бунёди гунбазҳои дуқабата гардиданд. Ҳамин тариқ, дар асрҳои оянда ба созиши гунбазҳо, ороиш додани онҳо бо тахтаҳои сафолии рангҳои кабуд, нимсабз ва ғайра доштаро дар сохтмонҳо истифода бурдаанд. Меъморон – бунёдгарон дар лоиҳакашӣ ва сохтмони тамоми бино ва иншооти таъиноташон гуногун, дар ояндаи дур дигаргунгардии табиат, боду борон ва барф, қутбҳо (шимол, шарқ, ҷануб ва ғарб), ҳатто аз кадом тараф вазидани шамол ва суръати ҳаракати онро ба эътибор гирифтаанд.

ДАР АКС: Нақшаи генералии Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз» бо нишондоди бинои асосӣ, айвончаҳои нишаст, фаввораҳо ва сабзазоркунии атроф

 

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар» 

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

 

Июнь 2, 2024 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Ба зиммаи падару модар кадом уҳдадориҳо гузошта шудааст?
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — РАМЗИ ПИРӮЗӢ ВА УСТУВОРИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳои Муҷибахон Ҷавҳарӣ дар ин мавзуъ
ДАР ТОБИСТОН ИСТЕЪМОЛИ КАДОМ МАҲСУЛОТ МУФИД АСТ? Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«БАДАХШОН – ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН». Суратгузориш аз Форуми сайёҳӣ дар шаҳри Хоруғ
УСТОД АЙНӢ ВА РӮЗНОМАИ «ОВОЗИ ТОҶИК». Аз таъсиси ин рӯзнома 100 сол пур мешавад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ЯГОНАГӢ, ИТТИҲОД ВА ЯКПОРЧАГӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
ПЕШГИРИИ ҲАР ЯК БЕМОРӢ АЗ ТАБОБАТИ ОН ОСОНТАР АСТ. Барои гирифтор нашудан ба бемории мавсимии дарунравӣ чӣ бояд кард?
Дар Душанбе Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан баргузор мегардад
27-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Ваҳдат дурдонаест, ки онро мисли нангу номус, шарафу виҷдон ва имон бояд ҳифз кунем
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ МУОСИР. Суратгузориш аз зебогиҳои пойтахти Тоҷикистон
27-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Барои миллати тоҷик дар қатори дигар арзишҳои миллӣ сулҳу сафои пойдор дар мамлакат арзиши бебаҳо, баланд ва муқаддас аст