Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон баҳри густариши раванди рақамикунонӣ Созишнома ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 16.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади густариш бахшидани раванди рақамикунонии молияву андоз байни Кумитаи андози ҷумҳурӣ ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома ба имзо расид. Дар хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар асоси дастурҳои нишондоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ, самаранокии хароҷоти он ва фарогирии пурраи сарчашмаҳои имконпазири даромади буҷет ва ба хотири густариш бахшидани раванди рақамикунонии молияву андоз Созишнома дар бораи табодули маълумот тавассути модулҳои барномаи компютерӣ ба имзо расид.
Зимни баимзорасонии Созишнома масъулон ин ташаббусро муассир арзёбӣ карда, дар самти суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии иқтисодиёт тадбири саривақтӣ хонданд.
Мавриди корбарӣ қарор додани созишномаи нави ҳамкорӣ дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ, Консепсияи иқтисоди рақамӣ ва Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025 барои тақвият бахшидан ба рақамикунонии мақомот ва ташкили табодули маълумот тавассути модулҳои барномаҳои компютерӣ амалӣ мешавад.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






