Маҳмадтоир Зокирзода бо датук Нур Ҷазлон Муҳаммад мулоқот намуд

Июнь 11, 2024 08:44

ДУШАНБЕ, 11.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 июн дар доираи Форуми байналмилалии парлумонӣ таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммад мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории байнипарлумонии ду давлат мавриди муҳокима қарор гирифт.

Таъкид карда шуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамкории байнипарлумониро бо Парлумони Малайзия аз афзалияти худ медонад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Парлумони Малайзия таъсис дода шудааст.

Пешниҳод гардид, ки фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ тақвият бахшида шавад.
Ҷонибҳо барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳо дар ҳамаи сатҳҳо изҳори омодагӣ намуданд.

Дар фарҷом дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ баррасӣ гардиданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 11, 2024 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд