Муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Австрия ҳамкориро густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 04.06.2024. /АМИТ «ХОВАР»/. 3 июн президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо мудири Донишкадаи эроншиносии Академияи илмҳои Австрия Флориан Шварт вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо хабар доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар робита ба ҳамкории илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Ҷонибҳо эътимоду ҳавасмандиашонро барои тавсеи ҳамкорӣ дар ин самт иброз намуданд.
Пешниҳод гардид, ки дар заминаи Институти эроншиносии Академияи илмҳои Австрия нимпайкараи яке аз олимон ва шуарои тоҷик дар мувофиқа бо академияҳои тарафайн гузошта шавад.
Мудири Донишкадаи эроншиносии Академияи илмҳои Австрия Флориан Шварт аз густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки “мо омода ҳастем дар оянда бо муассисаҳои илмии Тоҷикистон ҳамкориро дар низоми сифатан нав амалӣ кунем”.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд






