НАМУНАИ ИБРАТ БАРОИ ДАВЛАТҲОИ МИНТАҚА. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об дар кишварҳои дигар низ таваҷҷуҳ дорад

Июнь 13, 2024 08:16

ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Маротибаи сеюм аст, ки ман ба Тоҷикистон меоям. Соли гузашта низ дар ин ҷо конфронси байналмилалӣ оид ба масоили об баргузор шуда буд, ки дар он ҳузур доштам. Хушҳолам, ки дар баррасии мавзуи муҳим- таъмини бехатарии об ва сифати он иштирок мекунам. Шахсан ман ба омӯзиши таъмини амнияти озуқаворӣ машғул ҳастам, ки ин мавзуъ бевосита ба об алоқаманд аст. Форуми имрӯза ба ҳамин мавзуи барои мо хеле муҳим бахшида шудааст», — чунин гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» профессори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Раушан Дуламбаева, ки барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Душанбе қарор дорад.

Раушан Дуламбаева изҳор кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об, ба самъи ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани моҳияти мушкилоти мазкур, муҳим ва зарур будани ҳалли он корҳои зиёдро иҷро мекунад.

«Мамлакати шумо барои дигар кишварҳои минтақа намунаи ибрат мебошад, зеро Ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро на танҳо ба мушкилоти Тоҷикистон, балки ба мушкилоти дигар мамлакатҳо ҷалб кунад», — гуфт Раушан Дуламбаева.

Ба андешаи ҳамсуҳбати АМИТ «Ховар», дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланди Душанбе оид ба масоили об намояндагони давлатҳои гуногун бо ташаббусҳо баромад карда, мулоҳизаҳои ҷолиб изҳор мекунанд. Баҳри босамар иҷро кардани вазифаҳои гузошташуда тадбирҳои илман асосноку дар амал санҷидашударо пешниҳод мекунанд. Ҳар ҷониб чораҳои мутаносиб ва мувофиқ ба кишвари худро қабул мекунад. Дар баробари ҳамин ҳалли мушкилоти об раванди муқаррарӣ нест, ҳалли ин мушкилоти ҷаҳонӣ ҳамгироӣ ва амалҳои ҳамоҳангшударо тақозо мекунад.

«Ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарур аст, ки муттаҳид бошанд, зеро об барои ҳамаи мо муҳим аст, зиёда аз ин кишварҳои мо ҳамсарҳад ҳастанд. Дар ин маврид дипломатияи об ва омода намудани мутахассисон зарур аст. Бояд лоиҳа ва барномаҳоеро, ки рӯи даст дорем, амалӣ созем ва натиҷаҳои хуб ба даст орем», — гуфт Раушан Дуламбаева.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 13, 2024 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият