«НАВОИ ВАҲДАТ». Таҳти ин унвон дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии «Кӯли ҷавонон» барномаи идонаи ноҳияи Сино баргузор шуд

Июнь 26, 2024 16:50

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон»-и пойтахт  барномаи фарҳангии  аҳли ҳунар ва санъати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти унвони «Навои Ваҳдат» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бо намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои  саноатии  ноҳияи Синои пойтахт шинос шуданд.

Дар оғози чорабинии тантанавӣ мувоини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода тамоми иштирокчиён ва сокинони ноҳияро ба муносибати фарорасии ин ҷашни муқаддас шодбош гуфт.

Номбурда суханони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, аз ҷумла чунин иқтибос овард: «мо бояд дар ҳама ҳолат сарҷамъу муттаҳид, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатии худ омода бошем, истиқлолу озодиро ҳамчун неъмати муқаддастарини ҳаётамон ва ваҳдати миллиро чун дастоварди бузургтарини халқамон эҳтиёт ва ҳифз намоем».

Ҳамзамон дар ин рӯз,  ба хотири таҷлили бошукӯҳи   ҷашни муаттаҳидӣ ва сарҷамъӣ — Рӯзи Ваҳдати миллӣ  намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои зебои  тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳияи Сино  баргузор шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино

Июнь 26, 2024 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд