Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд.
“Ҳузури Шуморо дар кори Конфронси сеюми оби Душанбе боз як далели таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии Арабистони Саудӣ ба таҳкими робитаҳои гуногунҷанба бо Тоҷикистон арзёбӣ мекунем” — изҳор доштанд дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо доир ба масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба обу иқлим, муҳити зист, татбиқи барномаву лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба бахшҳои судовар чун кишоварзӣ ва саноат, ба хусус саноати сабуку хӯрокворӣ, гуфтугӯйи судбахш анҷом доданд.
Ба роҳандозии содироти маҳсулоти алоҳидаи кишоварзии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Роҳандозии хатсайрҳои мустақим миёни шаҳрҳои ду кишвар омили муассир дар рушду таҳкими робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самти сайёҳӣ ва афзоиши тиҷорат арзёбӣ гардид.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






