Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон узви Президиуми Босния ва Ҳерсеговина Желка Свияновичро ба ҳузур пазируфтанд

Июнь 10, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 10.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” узви Президиуми Босния ва Ҳерсеговина хонум Желка Свияновичро ба ҳузур пазируфтанд.

“Ташрифи Шумо ва ҳайати ҳамроҳатонро ба Тоҷикистон боз як далели дастгириҳои доимии давлати Шумо аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим арзёбӣ менамоям” изҳор доштанд дар оғози мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили тағйирёбии иқлим, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба ҳалли масоили об ва дигар мушкилоти глобалии сайёраро баррасӣ намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки мулоқоти имрӯза ба рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди кишварҳо такони тоза хоҳад бахшид.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили густариш додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ муҳокима гардид.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории кишварҳо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид изҳори қаноатмандӣ карда, идома ва таҳкими минбаъдаи ин равандро муҳим донистанд.

Мулоқот бо узви Президиуми Босния ва Ҳерсеговина хонум Желка Свиянович 10.06.2024

Июнь 10, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор аҳолиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол марҳилаи дуюми корхонаи металлургии ҶДММ «Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти истеҳсолии корхонаи азими саноати маъдантозакунии Адрасмон оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба таври фосилавӣ 7 иншооти гуногунтаъйинотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобиро бо иқтидори 250 МВт ба истифода доданд