«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-МУАРРИФИ ИЛМИ МУОСИРИ ТОҶИК ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд

Июнь 13, 2024 10:43

ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Пешвои миллат – муаррифи илми муосири тоҷик дар арсаи байналмилалӣ» ҳамоиш баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, ҳамоиш дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат баргузор шуда, иштирокдорон аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар соҳаи маориф ва илми мамлакат баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди илмомӯзии насли наврас ва олимони ҷавони мамлакат ёдовар шуданд.

Иброз гардид, ки суханронии арзишманду пурмуҳтавои Президенти ҷумҳурӣ оид ба омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ҳамчунин тақвияти сифат ва самаранокии таълиму тарбияи мутахассисони илмӣ дар байни донишҷӯён, магистрантҳо, муҳаққиқони ҷавон роҳнамо барои ояндаи дурахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шинохти он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июнь 13, 2024 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд