ПЕШВОИ ЯТИМПАРВАРИ МИЛЛАТ. Барои 50 нафар ятими кулл — сарбозони Артиши миллӣ саёҳат ба мавзеъҳои ҷолиби шаҳрҳои Ҳисор ва Душанбе ташкил гардид

Июнь 26, 2024 10:10

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 июн барои 50 нафар ятими кулле, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуда истодаанд, саёҳат ба мавзеъҳои ҷолиби шаҳри Ҳисор ва пойтахти мамлакат ташкил гардид. Ин иқдом дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ амалӣ гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар суҳбат бо сарбозон намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати мудофиа иброз доштанд, ки ин иқдом дар ҳошияи ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои ятимпарвари миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардид. Ёдоварӣ шуд, ки Пешвои миллат ба насли ояндасози мамлакат умеду боварӣ ва ифтихор дошта, аз ҷумла иброз намуданд, ки «мо бо ҷавонони мамлакати худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».

Сарбозон иброз доштанд, ки барояшон мояи ифтихор аст, ки дар чунин Ватани орому осуда ва дорои таъриху фарҳанги бой, табиати зебо ва мардуми тамаддунофар зиндагӣ доранд. «Мо худамонро ҳаргиз ятим эҳсос намекунем, зеро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падари маънавӣ мост. Ҳар лаҳза дастгирию ғамхориҳои Пешвои ятимпарвари миллатамонро эҳсос мекунем. Мо фарзандони Ватан ҳастем, онро дӯст медорем ва барои хизматаш ҳамеша омода ҳастем», — гуфтанд онҳо.


Сарбозон Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Ҳисор, «Қалъаи Ҳисор ва дигар мавзеъҳои ҷолиби шаҳрро тамошо карданд. Сипас барои онҳо дастурхони идона густурда шуд, ки гирди он сарбозон оид ба шароити хуби хизмат ва нақшаҳои ояндаашон суҳбат намуданд.

Саёҳати сарбозон дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе идома ёфт. Онҳо ба тамошои Осорхонаи миллӣ рафта, бо осори таърихию фарҳангии миллати тоҷик шинос шуданд. Ташкили тамошои «Боғи Рӯдакӣ» ва тавасссути автобусҳои дуошёна сайри Душанбе барои онҳо хотирмону фароғатбахш гардид. Онҳо ҳамчунин дар барномаи фарҳангӣ, ки дар боғи ба номи Айнӣ ташкил гардида буд, иштирок намуданд.


Имрӯз бо иштироки ин сарбозон дар Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти осоиштаи ҷавонон» ҳамоиш доир гардид.

Дар фарҷоми ҳамоиш сарбозон бо туҳфаҳои хотиравии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

Зоҳирҷони ТОИРЗОД,
АМИТ «Ховар»

Июнь 26, 2024 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид