РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Деннис Фрэнсис Конфронси оби Душанберо лаҳзаи калидӣ барои таҳкими талошҳо ва уҳдадориҳо дар самти идораи яке аз арзишмандтарин захираҳои табиӣ дар сайёра номид

Июнь 10, 2024 11:23

ДУШАНБЕ, 10.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Дэннис Фрэнсис Конфронси сеюми оби Душанберо лаҳзаи калидӣ барои таҳкими кӯшишҳо ва уҳдадориҳо дар самти идораи яке аз арзишмандтарин захираҳои табиӣ номид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Конфронси оби Душанбе лаҳзаи калидӣ барои таҳкими кӯшишҳо ва уҳдадориҳои мо барои идораи яке аз захираҳои табиии арзишмандтарини мо мебошад», — навиштааст Дэннис Фрэнсис дар саҳифаи расмии худ дар Х.

Ёдовар мешавем, ки 9 июн Раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсис барои иштирок дар Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10-13 июн дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ба Душанбе омад.

Дар кори ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ иштироки зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Барои иштирок дар Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Президиуми Босния ва Ҳерсеговина хонум Желка Свиянович, Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле, муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенга, Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер, Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин, Муовини Президенти Ҷумҳурии Замбия хонум Мутале Налуманго, Мудири иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбана, Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлӣ, муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон, Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер ва дигар меҳмонони воломақом даъват шудаанд.

Тибқи маълумот, барои инъикоси ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ қариб сесад нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ номнавис шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2024 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид