РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баландро мизбонӣ менамояд

Июнь 9, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 09.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 13 июни соли 2024 пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе мизбони чорабинии байналмилалии сатҳи баланд — Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мегардад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҳадафи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таваҷҷуҳи бештар намудан ба масъалаҳои марбут ба об ва саҳм гузоштан дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, бахусус Ҳадафҳои Рушди Устувори 6 –об ва беҳдошт мебошад, ки дастрасӣ ва идоракунии устувори об ва беҳдоштро барои ҳама баррасӣ мекунад. Интизор меравад, ки натиҷаи конфронс дар талошҳои ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти об ва мусоидат барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор саҳми муассир гузорад. Конфронс, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ дар доираи раванди оби Душанбе ташкил карда мешавад, платформаи беназир барои пешбурди натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид- 2023 ва таҳияи уҳдадориҳои нав хоҳад буд, то мушкилоти глобалии обро ҳал намоянд.

Ҳадафи конфронс тақвияти саъю талошҳои муштарак ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид сабтшуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои об дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 мебошад. Бешубҳа, натиҷаҳои Конфронси сеюми Душанбе комёбиҳои бадастомадаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид -2023-ро таҳким бахшида, ба қабули уҳдадориҳо ва иқдоми нав дар соҳаи захираҳои об мусоидат менамоянд.

Дар Конфронси 3-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, намояндагони ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои молиявӣ, доираҳои тиҷоратӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоти хоҷагии об ва дигар ҷонибҳои манфиатдори бахшҳои гуногун, ки соҳаҳои об, энергетика, тандурустӣ, озуқаворӣ, молия, иқлим, муҳити зист, саноат, илм, маорифро намояндагӣ мекунанд, иштирок менамоянд.

АКС: Котиботи конфронси Раванди оби Душанбе

 

Июнь 9, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд