Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон: «Бозӣ бо тими миллии Урдун ҳалкунанда хоҳад буд»

Июнь 6, 2024 14:21

ДУШАНБЕ, 06.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 июн бозии панҷуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» байни дастаҳои мунтахаби Урдун ва Тоҷикистон баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

5 июн дар нишасти матбуоти пеш аз бозӣ сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Гела Шекиладзе интизорияшро аз бозӣ бо тими Урдун иброз намуда, гуфт, ки бозӣ бо тими миллии Урдун ҳалкунанда хоҳад буд.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе таъкид намуд, ки «моро ду бозии муҳим- бо Урдун ва Покистон интизор ҳастанд, ки тақдири марҳилаи интихобиро ҳал мекунанд. Дар Давҳа омодагии хуб доштем ва дастаи мо ба бозӣ бо тими Урдун омода аст. Дар бораи рақиб бисёр маълумот дорем, онҳо низ моро хуб мешиносанд. Давоми 7 моҳи охир ду бор – дар бозии аввали интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар Душанбе ва дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа бо ҳам рақобат кардаем. Урдун дастаи хеле хуб аст, хатти ҳамлаи қавӣ дорад ва ба таври шоиста ба финали Ҷоми Осиё баромад. Бозии сеюми мо бо Урдун ҳалкунанда хоҳад буд. Умедворам, ки маҳорати хуб нишон дода, ба натиҷаи мусбат ноил мешавем».

Бозӣ дар Варзишгоҳи байналмилалии Аммон соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 22:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 6, 2024 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд