Се хонандаи муассисаи таълимии деҳаи Саричашмаи ноҳияи Файзобод сазовори квотаи президентӣ гардид
ФАЙЗОБОД, 02.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи натиҷаи даври сеюми озмуни квотаи президентӣ дар ноҳияи Файзобод се хонандаи муассисаи таълимии деҳаи Саричашмаи ноҳия сазовори ҷойи аввал шуда, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кулоб гардиданд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ додааст.
Дар ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат хонандагони фаъол барои гирифтани квотаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон рақобат доранд. Дар ноҳияи Файзобод байни 68 хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64 Ороста Ғуломализода ин квотаро сазовор гардид. Ӯ гуфт, ки озмун ба таври шаффоф дар ҳузури волидайни хонандагон доир шуд ва аъзои ҳакамон одилона баҳо гузоштанд.
Шаҳром Назиров, хонандаи дигари ҳамин муассисаи таълимӣ иброз дошт, ки «бо эълон гардидани бистсолаи рушди фанҳои дақиқ ман хулоса баровардам, ки фанни физикаро аз худ намуда, дар оянда омӯзгори ҳамин ихтисос бошам. Хушбахтона, ба мо беҳтарин омӯзгорони фанҳои дақиқ дарс мегӯянд ва ман бо дастгирии онҳо омода шуда, дар озмуни квотаи президентӣ иштирок намудам ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб шудам».
Гулноза Юсуфова, хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии рақами 64 иброз намуд, ки «дар деҳаи Саричашма солҳои пеш мактаб набуд. Мо, хонандагон бо мушкилӣ ба деҳаҳои дигар рафта, дарс мехондем. Хушбахтона, дар деҳаи мо мактаби нав бунёд гардид ва бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Дар ин муассиса беҳтарин шароити таълимӣ муҳайё буда, ба мо омӯзгорони ботаҷриба дарс мегӯянд. Ман ҳам аз ин имконият истифода намуда, бо баҳогузории одилонаи аъзои ҳакамон дар озмуни квотаи президентӣ аз рӯйи ихтисоси таърих ва ҳуқуқ донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт гардидам».
Дар ҳамаи даврҳои озмуни квотаи президентӣ аз ноҳияи Файзобод зиёда аз 300 хонанда иштирок намуд, ки дар натиҷаи баҳои аъзои ҳакамон ва мувофиқи нақшаи тасдиқгардида 24 хонандаи ноҳия ба гирифтани ин квота сазовор гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






