Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили буҳрони вобаста ба об ҳамкории густурдаро роҳандозӣ менамоянд

Июнь 11, 2024 19:20

ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили буҳрони вобаста ба об ҳамкории густурдаро роҳандозӣ менамоянд», — таъкид намуд пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон  Ал-Фазлӣ.  

Ба иттилои ӯ, дар вохӯри масъалаҳои вобаста ба обу иқлим, ки дар меҳвари рӯзномаи ҷаҳонӣ қарор доранд, баррасӣ шудаанд.

«Мо дар марҳалаи ҳассоси ҳалли масъалаҳои буҳрони вобаста ба об қарор дорем. Аз ин лиҳоз, мо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таваҷҷуҳи зиёдро барои ҳалли он равона намудаанд ва ин масъаларо ба сатҳи нав баровардаанд,  ташаккур мегӯем», — таъкид намуд Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон  Ал-Фазлӣ.

Тазаккур дода шуд, ки таҳти сарпарастии Валиаҳд, Муовини Раиси Шурои Вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд дар Арабистони Саудӣ Созмони ҷаҳонии об таъсид дода шудааст.

«Ҷониби Арабистони Саудӣ дар ин самт умедвори ҳамкории густурда ва судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад», — гуфт ӯ.

Таъкид гардид, ки дар мулоқот ба вазорату идораҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ супориш дода шуд, ки ин масъаларо баррасӣ намоянд.

Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлӣ барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2024 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд