Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар низоми бонкӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкорӣ дар низоми бонкӣ байни Тоҷикистон ва Амрико дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Шурои тиҷоратии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, таҳти роҳбарии Директори иҷроияи Шурои тиҷоратии Амрико хонум Елена В.Сон ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, баррасӣ шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо натиҷаҳои ҳамкориро давоми 30 соли охир баррасӣ намуда, доир ба дурнамои он табодули назар намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон оид ба дастгирии лоиҳаҳо ва кумакҳои техникии Амрико дар самти ҷорӣ намудани низоми нави автоматикунонидашудаи бонкии ҷавобгӯ ба талаботи муосири ҷаҳонӣ дар бахши назорати суғуртавӣ, ҳамкорӣ бо Корпуси волонтёрон оид ба рушди хизматрасониҳои молиявӣ, такмили низоми МҚД/МТ/МПСҚО, таҳкими суботи молиявӣ, зиёд кардани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, татбиқи муқаррароти СБҲМ, арзёбии сифати аудити дохилӣ ва идоракунии хавфҳо сухан намуд.
Гуфта шуд, ки иштироки сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи Амрико дар сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон ва кушодани намояндагии бонкҳои Амрико дар Тоҷикистон метавонад ба густариши робитаҳои иқтисодии ду давлат мусоидат намояд.
Директори иҷроияи Шурои тиҷоратии Амрико хонум Елена В.Сон омодагии ҳайатро ҷиҳати идомаи рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Амрико ва Тоҷикистон иброз намуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст






