ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Ба хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Норак 61 адад техникаи муосири кишоварзӣ дастрас гардид
ДУШАНБЕ, 22.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар намудани заминаи моддию техникии хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Норак беш аз 60 адад техника ва мошинтаҷҳизоти кишоварзӣ, аз ҷумла 28 шудгоркунаки дастӣ (мотобулок) 3 трактори шудгоркунанда МТЗ-82, 30 ва алафдараваки муҳаррикдор дасрас гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар медиҳад.
Таъмини хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Норак бо техника ва мошинтаҷҳизоти кишоварзӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар доираи «Лоиҳаи дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» амалӣ гардидааст.
Рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии кишоварзон зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо кумаку ҳидоятҳояшон соҳа беш аз пеш рушд меёбад. Ин аст, ки яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат -таъмини амнияти озуқаворӣ зина ба зина таъмин гардида истодааст.
АКС: Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Норак











«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






