ТИРГОН ОМАД. Он бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 27.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар макони баргузории ҷашни Тиргон маҳсулоти кишоварзӣ, навъҳои гуногуни зардолу, анвои аз он омодашуда, олу, гелос, шафтолу, себ, ғалладонагӣ, зироати полезӣ, аз ҷумла тарбузу харбуза ба намоиш ва фурўш гузошта шуда, сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд ин маҳсулотро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар дастрас намоянд. Дар ин ҷо дастовардҳои илмии олимони соҳаи кишоварзии мамлакат низ ба намоиш гузошта мешавад. Дар ин ҷо беҳтарин боғдорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар фаъолияти яксолаашон ба дастоварҳо ноил гардидаанд, бо мукофот қадрдонӣ мешаванд.
Бояд гуфт, ки ҷашнҳои мазкур бо мақсади инкишоф додани соҳаи кишоварзӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи мамлакат доир мегарданд.Ҳамчунин дар ин рӯз фаъолияти кишоварзон натиҷагирӣ шуда, беҳтаринҳо ҳавасманд гардонида мешаванд.
Мавриди тазаккур аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқонону боғпарварони ҷумҳуриро ба афзун кардани нишондодҳои боғу токпарварӣ, хусусан васеъ намудани зардолузор ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон метавонад дар самти парвариши зардолу ва содироти меваи хушк дар ҷаҳон пешсаф гардад. Ҳамин аст, ки борҳо ташкилоту озмоишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ ба сифату тамъи меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, аз ҷумла зардолу баҳои баланд додаанд
Ҷашни Тиргон бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 оид ба «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» баргузор карда мешавад.
Мавриди ёдоварист, ки эҳёи ҷашни Тиргон, ки ба об, ҳамчунин ба омодагӣ деҳқонон ба дарави ҳосили гандум иртибот дорад, ниҳоят муҳим буда, баҳри равнақ ёфтани соҳа мусоидат менамояд.
Дар баробари гиромидошти ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргон эҳёи ҷашни Тиргон низ ба манфиати миллат мебошад.
Тавре Пешвои миллат дар ин маврид таъкид намуданд: «маросиму суннатҳои ин ҷашнҳои бостонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикон ва дигар халқҳои ориёӣ аз қадим ба заминдорӣ, ҳунармандӣ ва чорводорӣ машғул буда, ба табиат муҳаббати хосса доштаанд. Онҳо дигаргуниҳои табиатро эҳсос карда, барои қонеъ сохтани ниёзҳои рӯҳиву равонии худ ойину ҷашнҳо, ниёишу ривоятҳо ва мусиқиву сурудҳое эҷод кардаанд, ки умеду орзуи одамон дар онҳо самимӣ, табиӣ ва гуворо ифода ёфтаанд».
АКС: АМИТ «Ховар»








Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид






