Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор зери унвони «Воситаи ҳамоҳангсозии сиёсат» барномаи нав оғоз намуданд

Июнь 11, 2024 13:43

ДУШАНБЕ, 11.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастовардҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ташкилоти байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро аз рӯи суръати миёнасолонаи рушди иқтисодӣ ҳамчун кишвари дорои иқтисоди тезрушдёбанда арзёбӣ намуданд, — чунин гуфтанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи Шурои миллии рушд, ки 10 июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамон моро ҳанӯз қонеъ карда наметавонанд ва расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар шароити таҳаввулоти идомадошта захираву неруҳои иловагӣ тақозо менамояд. Зеро таъмини минбаъдаи рушди устувори мамлакат ва тобовар намудани иқтисоди миллӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯза, пеш аз ҳама, муттаҳид намудани иқтидору захираҳои мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандиро барои ҷалби бештари сармоя ва идомаи раванди ислоҳот тақозо менамояд».

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини минбаъдаи рушди устувори Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат ва Хазинаи байналмилалии асъор ба татбиқи барномаи нав зери унвони «Воситаи ҳамоҳангсозии сиёсат» оғоз намуданд. Изҳори умед карда шуд, ки дар доираи ин тадбир Бонки ҷаҳонӣ барои тасдиқи барномаи ислоҳоти навбатии Тоҷикистон таҳти унвони  «Амалиёти сиёсии рушд» мусоидат мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамзамон барои татбиқи барномаҳои муштараки ислоҳот бо дигар шарикони рушд корбарӣ намуда, ба  пешниҳоди маблағҳои грантӣ аз ҷониби шарикони рушд баҳри дастгирии раванди ислоҳот ва буҷети давлат ҳавасманд мебошад.

Дар ин самт ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳо бо шарикони рушд баҳри маблағгузории лоиҳаҳо аз рӯи афзалият ва ҷорӣ намудани механизми мукаммали маблағгузории лоиҳаҳо амри зарурӣ дониста шуд.

Хотиррасон мекунем, ки дар ҷаласаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад ал-Ҷасер, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Салсия Алишахбана, Директор оид ба масъалаҳои глобалии об дар Бонки ҷаҳонӣ Сароҷ Кумар, Директори Генералии Бонки Осиёии Рушд барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков сухан гуфта, омодагии шарикони рушдро барои дастгирии ҳадафу афзалият ва ташаббусҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карданд.

Инчунин Раиси Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Роҳбари Намояндагии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ Озан Севимли доир ба саҳми шарикони рушд ва ҳадафу афзалияти миллӣ маъруза кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шарикони рушд даъват намуданд, ки дар шароити хеле ҳассосу зудтағйирёбандаи иқтисоди глобалӣ барои татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор саҳми худро дар амалӣ гардонидани  афзалияти минбаъдаи рушди Тоҷикистон бештар намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2024 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад