«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 20.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз гардид. Даври шаҳрии озмун аз 20 то 25 июн доир гардида, дар он 348 нафар довталаб аз 4 ноҳияи пойтахт иштирок мекунанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Тибқи иттилои масъулини Вазорати фарҳанги мамлакат, дар даври аввали озмун аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе 603 довталаб — 151 нафар аз ноҳияи Сино, 160 нафар аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 165 нафар аз ноҳияи Шоҳмансур ва 127 нафар аз ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуда, ба даври дуюми озмун 348 нафар (188 нафар аз 18 то 35 сола ва 160 нафар аз 12 то 17 сола) роҳхат гирифтанд.
Озмун дар байни 3 гурӯҳ доир гардида, дар он истифодаи фонограмма қатъиян манъ аст.
Тибқи Низомнома, ба озмун суруду оҳанг ва асарҳои мусиқие пешниҳод мешаванд, ки тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгонро дар бар мегирад.
Ба озмун, қабл аз ҳама, асарҳои тозаэҷоди оҳангсозон-бастакорон ва рассомони ватанӣ, инчунин асарҳо аз осори беҳтарини мусиқии классикӣ, беҳтарин мусаввараҳои классикии навъҳои санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии ватаниву ҷаҳонӣ дар жанрҳои мусиқии анъанавӣ, академӣ ва эстрадӣ пешниҳод мешаванд.
Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон дар даври якуми озмун 5302 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин миқдор 2755 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Таҳлилҳои ҷамъбасти даври якум нишон медиҳанд, ки иштироки довталабон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 860 нафар зиёд аст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд
Дар шаҳри Гулистон Озмуни шаҳрии «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад
Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 51 довталаб аз ноҳияи Данғара ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Антверпен робитаҳои фарогир таҳким меёбанд
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 60 довталаб аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба даври дуюми озмун роҳхат гирифт
Дар Душанбе ғолибони якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд






