Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда ҷиҳати фаъолсозии «Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо» саҳми молиявии худро гузошт

Июнь 11, 2024 17:04

ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» таъкид намуданд, ки Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда ҷиҳати фаъолсозии «Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо» саҳми молиявии худро гузошт.

Дар идома Сарвари давлат аз кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ даъват намуданд, ки дар таҳкими имкониятҳои молиявии фонди мазкур саҳмгузор бошанд.

«Тибқи қатъномаи дахлдори Созмони Милали Муттаҳид, Тоҷикистон соли оянда мизбони ҳамоиши аввалини бузурги байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад шуд», — иттилоъ доданд Пешвои миллат.

Бо истифода аз фурсат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро барои иштироку саҳмгузорӣ дар он даъват намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2024 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ифтитоҳ шуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургӣ оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад