ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — МАКТАБИ БУЗУРГИ ВАТАНДОРӢ. Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 25.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ — мактаби бузурги ватандорӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ хабар доданд.
Иштирокдорони ҳамоиш оид ба қаҳрамонию корнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сулҳи тоҷикон ибрози андеша намуда, аз ҷумла, иброз доштанд, ки дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ, истеҳкоми аркони давлатдории навини мо нақши роҳбари оқилу тавоно ва сиёсатмадори эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо барҷаставу мондагор аст.
«Таърих гувоҳ аст, ки Пешвои миллат аз лаҳзаҳои аввали ба саҳнаи сиёсат ворид шуданашон сокинони кишварро дар атрофи ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат ҷамъ оварда, давлату миллатро аз эҳтимоли нобудӣ наҷот бахшиданд. Дар навбати аввал Сарвари давлат барои бунёди роҳу пул, нақбҳо талош намуданд, то миллати мо байни ҳамдигар дар рафту омад бошанду Тоҷикстони ба мамлакати воҳид табдил ёбад. Ва чунин ҳам шуд. Имрӯз мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурда, баҳри фардои дурахшони Ватан дар ҳамбастагӣ заҳмат мекашанд»,- таъкид гардид дар ҳамоиш.
Гуфта шуд, ки Пешвои миллат тамоми қувваю дониш ва иродаю имконияти хешро барои таъмини ваҳдати миллӣ, сулҳи саросарӣ, баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва шурӯи музокирот равона сохтанд.
Таъкид гардид, ки барои мо, вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мояи ифтихор аст, ки бо чунин шахсияти таърихӣ Пешвои муаззами миллат паҳлу ба паҳлу фаъолият карда истодаем. Чунин бахти баланд на ба ҳама муяссар мегардад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки ваҳдати миллиро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намоем.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид






