Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи X Шурои сиёсати саноатии давлатҳои аъзои ИДМ дар Екатеринбург иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 09.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар ҷаласаи X Шурои сиёсати саноатии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии «Иннопром-2024» доир гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи қарори Шурои сиёсати саноатии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи навбатии он соли 2025 таҳти раёсати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар ҷаласаи X Шурои сиёсати саноатии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил лоиҳаи Созишномаи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар рушди саноати вазнини мошинсозӣ барои баррасӣ ба аъзои Шуро пешниҳод карда шуд.
Лоиҳаи Созишнома ба муқаррароти асосии Стратегияи миллии рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Барномаи ҳукуматии саноатикунонии босуръати мамлакат, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар асоси санадҳои дар соҳаи саноат, ки дар доираи Иттиҳод қабул гардидаанд, асос ёфтааст.
Ҳуҷҷат ба рушди соҳаҳои мошинсозӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳия ва истеҳсоли мошину таҷҳизот барои саноати металлургӣ, истихроҷи маъдан (маъданҳои куҳӣ ва конҳои куҳӣ), кимиё ва нафт, энергетика ва кишоварзӣ, инчунин рушди дастгоҳсозӣ, истеҳсоли асбобҳои вазнини челонгарӣ ва пресскунӣ, борбардору нақлиёт, роҳсозӣ ва техникаи коммуналӣ ва дигар таҷҳизоту техникаи калонҳаҷм нигаронида шудааст.
Бо қарори худ аъзои Шуро — вазирони саноат ва иқтисоди кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил лоиҳаи пешниҳодкардаи ҷониби Тоҷикистонро, ки бо тартиби муқарраршуда барои баррасӣ ба мақомоти олии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод карда мешавад, маъқул донистанд.
Аъзои Шуро аз рӯи 10 масъалаи рӯзномаи ҷаласа, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар соҳаи саноати сабук, ҳамкорӣ дар соҳаи кооператсияи саноатӣ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии рушди сармоягузорӣ, истифодаи гази табиӣ хамчун сӯзишвории моторӣ барои воситаҳои нақлиёт, натиҷаҳои фаъолияти ташкилотҳои базавӣ оид ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи саноат қарор қабул намуданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






