АЛОМАТҲОИ ОФТОБЗАНӢ КАДОМҲОЯНД? Мутахассисони соҳаи тиб ба ин суол посух доданд

Июль 25, 2024 16:39

ДУШАНБЕ, 24.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳафтаи охир дар мамлакат ҳарорати ҳаво боло рафта, то 40-43 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ шароити обу ҳаво метавонад ба пайдоиши нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтобӣ) дар қабати болоии атмосфера мусоидат намуда, аз соати 12:00 то 15:00 таркиби нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баландтар мерасад. Баландшавии нишондиҳандаҳои нурҳои ултрабунафш ба касалиҳои пӯст, чашм, фишорбаландӣ, диабети қанд ва нафастангӣ (астма) таъсири манфӣ дорад. Вобаста ба таъсири манфии нурҳои офтоб хабарнигори АМИТ «Ховар» бо мутахассисони соҳаи тиб суҳбат намуд.

Мутахассисони соҳаи тиб иброз доштанд, ки дар натиҷаи таъсири манфии нурҳои офтоб, вайрон шудани фаъолияти мағзи сар рӯй медиҳад, ки ин ҳолат аз сабаби миқдори зиёди гармиро идора карда натавонистани организм ва дар сатҳи зарурӣ сард карда натавонистани бадан ба вуҷуд меояд. Дар ин раванд, баробари арақ кардани бадан, гардиши хун низ вайрон мешавад ва рагҳо васеъ мешаванд. Дар натиҷа гардиши хун дар тамоми бадан суст мешавад (суст шудани гардиши хун боиси тағйироти фаъолияти майна мегардад). Ин ҳолат метавонад ба оқибатҳои вазнин, ҳатто вайрон гардидани фаъолияти дил сабаб шавад.

Меъёри бароҳати ҳарорат барои организми одам 15-25 дараҷа мебошад. Аз ин рӯ дар ин рӯзҳои гарми тобистон ҳар як нафар бояд саломатии худ ва наздикони худро эҳтиёт намояд, чунки инсон ҳамчун объекти биологӣ шароити муайяни фаъолияти организми худро дорад. Ҳарорати ҳаво низ нишондоди муҳими физикӣ мебошад, ки дар ҳошияи муайяни ин нишондиҳанда организми инсон метавонад ба таври дуруст фаъолият кунад.

Муддати тӯлонӣ дар зери нури офтоб истодан пӯстро сӯзонида, боиси офтобзанӣ мешавад. Маҳз нурҳои гарми офтоб метавонанд барои ҳаёти мо хеле хатарнок бошанд. Барои ҳифзи пӯст аз нурҳои офтоб бояд аз малҳамҳои аз офтоб ҳифзкунанда, ки дорои фактори баланди муҳофизатӣ бошанд, истифода бурд.

Аломатҳои офтобзанӣ кадомҳоянд?

Агар инсон дар давоми рӯз дар худ яке аз ин аломатҳо, аз ҷумла баландшавии ҳарорат, зиёдшавии набз, зуд-зуд нафаскашӣ, беқарорӣ ё ҳатто беҳушшавӣ, пӯсти хушку тафсон ва арақ накардан, бемадорӣ, хоболудӣ, беиштиҳо шудан ва дилбеҳузуриро мушоҳида намояд, донад, ки ин аз таъсири нурҳои манфии офтоб (офтобзанӣ) ба амал омадааст, мегӯянд мутахассисони соҳаи тиб.

Ба гуфти онҳо, аломатҳои дарҳол аён намегарданд. Аксаран ҳангоми офтобзанӣ гумшавии иштиҳо баъди сайругашти тӯлонӣ дар ҳавои офтобӣ, бемадорӣ, инҷиқӣ, хоболудӣ, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ ба вуҷуд меояд. Офтобзанӣ ҳолатҳои сабук, миёна ва вазнин дорад, яъне ҳолати сабуки офтобзанӣ боиси дарди сар, дилбеҳузурӣ, зиёдшавии набзи дил ва нафаскашӣ, васеъшавии гавҳараки чашм мегардад. Ҳолати миёнаи офтобзанӣ боиси дарди сар, гоҳ-гоҳ аз ҳуш рафтан, зиёдшавии набзи дил ва кӯтоҳ будани нафас, хунравии бинӣ, ҳарорати бадан, ки бо заъф, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ ҳамроҳӣ мекунанд, боиси якбора суст шудани ҳаракат мегардад. Ҳарорати бадан то 39 дараҷа мебарояд. Аломатҳои вазнини офтобзанӣ аломатҳои ба худ хос дорад.

Табибон тавсия медиҳанд, ки касеро, ки аз таъсири нурҳои манфии офтоб зарар дидааст, бояд ба ҷойи салқин, барҳаво (одам кам бошад) ва нам гузаронед. Пойҳояшро каме баланд кунед ва шамол диҳед, либосҳоеро, ки гардан ва қафаси синаро танг мекунанд, кашед, рӯяшро бо оби хунук бишӯед, ба сандуқи сина латтаи нам гузошта, барои оббозӣ дар оби ҳарораташ 18-20 дараҷа шароит фароҳам намоед, ба пешонааш компресси хунук (як зарфи оби хунук ё ях) гузоред, нӯшидани ҷурғот (қатиқ) (2-3 истакон ҷурғоти беравған) барои офтобзадагон дар давоми якчанд рӯз тавсия карда мешавад. Зеро ҷурғот яке аз беҳтарин воситаҳои барқарорсозӣ ва хунуккунии бадан аст).

Табибон тавсия медиҳанд, ки шахси беморро ба оббозӣ кардан дар дарё маҷбур намудан ё аз сараш як сатил оби хунук рехтан лозим нест. Ба бадани бемор чизҳои аз ҳад сард, аз қабили яхро бештар гузоштан низ зарар расонида, ҳолашро бадтар месозад. Инчунин истеъмоли офтобзада машрубот, қаҳва, нӯшокиҳои энергетикӣ додан манъ аст. Ин нӯшокиҳо рагҳоро танг карда, ҳатто боиси варами мағзи сар гашта метавонанд.

Набояд фаромӯш кард, ки ба шахси аз нурҳои манфии офтоб аз ҳуш рафтааст, маҷбуран об нӯшонидан манъ аст. Дар ин ҳолат бемор метавонад аз дармондани об дар гулӯ вафот кунад.

Фасли тобистон, ки офтоби тамуз ба авҷ расида, ҳаворо тоқатфарсо месозад, аз пай як қатор мушкилиҳоро вобаста ба тандурустии инсон меорад. Аз ин рӯ дар соатҳои офтобӣ ба берун набароянд, яъне бештари рӯзро дар дохили биноҳо гузаронанд. Инчунин зиёд об нӯшанд, албатта, оби ҷӯшонидашуда ё чойи хунук.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: аз манбаъҳои боз

 

Июль 25, 2024 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии нозироти минтақавии ШВКД-1 ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Ҳисор доир ба нақши занон дар рушди ҷомеа ҳамоиш доир гардид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар ҳавои гарм либосҳои аз матои табиӣ пӯшед, бештар об нӯшед, мева ва ғизои сабук истеъмол кунед! »
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 31 июл боқӣ мемонад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар пешгирии Вируси норасоии масунияти одам дар конфронси байналмилалӣ матраҳ гардид
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Кишоварзони Исфара ба ҷамъоварии гандум оғоз карданд
Дар Панҷакент дар масоҳати як гектар гармхонаи замонавӣ бунёд мегардад
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин бунёд мешавад
Директори Агентии хизмати давлатӣ: «Аксарияти сомонаҳои мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ба талабот ҷавобгӯ нестанд»
Ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Фархор кумак расонида шуд
Дар Деваштич дар мавзуи технологияи парвариши картошка машварати илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. То соли 2032 тамоми аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшокии мутамарказонидашуда таъмин мегардад