Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо шарики қавӣ ва боэътимоди Созмони Милали Муттаҳид аст»

Июль 5, 2024 14:14

ДУШАНБЕ, 05.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии пиряхҳо шарики қавии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аст. Дар ин хусус имрӯз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш зимни мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин замина Антониу Гутерриш таъкид кард, ки айни ҳол обшавии босуръати пиряхҳо боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

«Бинобар обшавии босуръати пиряхҳо оби зиёд ҳосил мешавад, ки таъсири онро имрӯз дар ҷаҳон мебинем, — иброз дошт Дабири кулли Созмони Милали Мутаҳҳид  . — Ин раванд дар охир ба беобӣ оварда мерасонад».

Антониу Гутерриш изҳор намуд, ки Созмони Милали Мутаҳҳид  Тоҷикистонро дар ҷараёни гуфтушунидҳое, ки дар доираи Конфронси тағйирёбии иқлим (COP29) дар Озарбойҷон баргузор мешавад, фаъол дидан мехоҳад.

Мавсуф таъкид намуд, ки нақши бевоситаи Тоҷикистон дар пешгирии обшавии пиряхҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон  бисёр муҳим аст.

Дар идома Дабири кулли СММ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаббусҳои муҳим ва саривақтӣ ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор изҳори сипос намуд.

Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори Тоҷикистон ва Аргентина ҷиҳати татбиқи ваколатҳои қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст, Гурӯҳи «Дӯстони пиряхҳо» таъсис дода шуд.

Нишасти нахустини Гурӯҳи «Дӯстони пиряхҳо» 15 декабри соли 2023 таҳти ҳамраисии намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва Аргентина дар Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи Созмон баргузор гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 5, 2024 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд