Байни Агентии «Тоҷикстандарт» ва Маркази илмӣ -тадқиқотию ташхисӣ ва метрологияи музофоти Шансии Чин Ёдошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар самти метрология ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 27.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Байни Агентии «Тоҷикстандарт» ва Маркази илмӣ-тадқиқотию ташхисӣ ва метрологияи музофоти Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёдошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар самти метрология ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.
Ёдошти ҳамкориро директори Агентии «Тоҷикстандарт» Темурҷон Абдулваҳҳобзода ва директори Маркази илмӣ-тадқиқотию ташхисӣ ва метрологияи музофоти Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяотсао имзо намуданд.
Гуфта шуд, ки тибқи таҳлилҳо, ҳамкорие, ки якчанд сол инҷониб дар доираи созишномаҳо идома дорад, барои ҳамоҳангсозии стандартҳо ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти содиротии рақобатпазир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузоштааст.
«Дар партави ин дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ мақомоти мо низ иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳуриро дастгирӣ менамоем ва омодаем, ки барои минбаъд низ тақвият додани ҳамкорӣ кӯшиш намоем. 6 ноябри соли 2015 аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» бо Институти стандартҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд ва ин дафъа дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» бо мақсади бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар муносибатҳои иқтисодӣ ва савдо, ҷиҳати рушд ва такмил додани ҳамкории дуҷониба дар соҳаи метрология, ҳамоҳангсозии низомҳои миллӣ бо низоми ташкилоти байналмилалии эътирофшудаи ин соҳа ва барои мубодилаи иттилоот ва таҷрибаомӯзии мутахассисон, таъсиси озмоишгоҳҳои нав, таъмини таҷҳизоти муосир ва дигар самтҳои муфид корҳоямонро идома медиҳем, — иброз намуд, директори Агентӣ Темурҷон Абдулваҳобзода.
Дар идома, дар боғи назди бинои Агентӣ аз ҷониби меҳмонон ниҳоли дӯстӣ шинонида шуд. Меҳмонон бо озмоишгоҳҳои Агентӣ ва фаъолияти онҳо, таҷҳизоти истифодашаванда, истифодаи усулҳои ташхиси молу маҳсулот ва дигар самтҳо шиносоӣ пайдо намуданд.
Ҳамзамон ҳайати Чин аз якчанд корхонаҳои ватанӣ ва мавзеъҳои зебоманзару сайёҳии мамлакат дидан намуда, таассуроти неки хешро оид ба пешрафту дастовардҳои мамлакат, бахусус ободиҳои шаҳри Душанбе баён намуданд.
Бояд гуфт, ки вохӯрии мазкур оғози ҳамкории нав гардида, имкониятҳои навро барои содироти молу маҳсулоти ватанӣ, фароҳам оварда, ҷиҳати густариши мутақобилаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон замина мегузорад.
АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»








Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд






