Барои сохтмони НБО-и «Себзор» аз ҷониби Бонки Олмонии рушд беш аз 44 миллион евро грант ҷудо мегардад

Июль 26, 2024 09:37

ДУШАНБЕ, 26.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Бонки Олмонии рушд 44,4 миллион евро грант барои сохтмони Неругоҳи барқи обии  «Себзор» ҷудо мегардад. Дар доираи ин грант 25 июл байни  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Помир Энерҷӣ» Созишнома оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии  «Себзор» ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби маблағҳои грантӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон корбарӣ дорад. Тибқи ислоҳот ба Созишномаи иловагӣ оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии  «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа, ки байни Бонки Олмонии рушд (KfW) ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо (гиранда) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Помир Энерҷӣ» (иҷрокунандаи лоиҳа) ба имзо расидааст.

Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат — расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза, энергияи сабз сохта шуда, он дар рушди иқтисоди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон такони ҷиддӣ мебахшад.

Интизор меравад, ки неругоҳ барои беҳтар намудани таъминоти неруи барқ дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва барои саноатикунонӣ дар минтақа, ки ҳадафи чоруми Ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ шудааст, мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 26, 2024 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад
Дар 5 моҳи соли 2025 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил дод
Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ месозад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст
Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад