Дар 30 сол дар Тоҷикистон 24 ҳазор иншооти инфрасохторӣ сохта ба истифода дода шуд

Июль 10, 2024 11:30

ДУШАНБЕ, 10.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар 30 соли соҳибистиқлолӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 24 ҳазор иншооти инфрасохторӣ сохта ба истифода дода шуд, ки дар рушди мамлакат нақши намоён гузошт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷиҳати шоиста пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои боло бурдани мавқеи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон аз тарафи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон тибқи стратегияҳои пешбинигардидаи давлату ҳукумат як қатор лоиҳаҳо тартиб дода шуда, барои амалишавии онҳо тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин замина «Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия гардидааст, ки мақсади он амалишавии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳити мусоид барои зиндагӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, муҳандисӣ, нақлиётӣ ва истеҳсолӣ, ҳифз ва истифодаи оқилонаи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва мақсадҳои дарозмуддати соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Стратегияи мазкур сиёсати давлатиро дар соҳаи шаҳрсозӣ, меъморӣ, сохтмон ва ободонии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.

Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, имрӯз лоиҳаҳое, ки аз ҷониби ниҳодҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмон пешниҳод мегардад, ба талаботи мустаҳкамии бино ҷавобгӯ ҳастанд ва барои натиҷаи заруриро ба даст овардан аз назорати қатъии Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ гузашта, аз ҷониби Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ, барои оғоз намудани сохтмони иншооти пешбинигардида иҷозат дода мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июль 10, 2024 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид