Дар Брюсел фаъолияти CANSO дар нимаи аввали соли 2024 натиҷагирӣ гардид

Июль 23, 2024 14:04

ДУШАНБЕ, 22.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ҷаласаи навбатии Ташкилоти хизматрасонии аэронавигатсионии гражданӣ (CANSO) бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи «Тоҷикаэронавигатсия», «Қазаэронавигатсия», «Узаэронавигатсия» ва роҳбарони қисмҳои дахлдори Созмони Аврупоӣ оид ба бехатарии аэронавигатсионии давлатҳои Аврупо (EUROCONTROL) баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа аз Тоҷикистон муовини аввали директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Даврон Шодмонбекзода иштирок намуд. Дар ҷаласа фаъолияти CANSO дар нимаи аввали соли 2024, инчунин дастовардҳои EUROCONTROL дар соли 2023 ва нақшаю дурнамои ташкилоти мазкур то соли 2030 баррасӣ гардид.

Иштирокдорони ҷаласа аз Маркази банақшагирии ҳаракати ҳавоӣ дар давлатҳои Аврупо дидан намуданд.

Дар натиҷаи якбора зиёд гардидани ҳаракати ҳавоӣ дар минтақа фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар таъмини бехатарии парвозҳо дар ҷаласа дар сатҳи баланд баҳогузорӣ гардида, миннатдории роҳбарияти CANSO ва EUROCONTROL ба директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» расонида шуд.

Таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ (ANSP)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар чаҳорчӯбаи 28-умин Маҷлиси умумии солонаи (AGM) ба узвияти CANSO қабул гардид.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»

Июль 23, 2024 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид