Дар Душанбе ҷаласаи муштараки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 17.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 16 июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва Гурӯҳи арзёбии сареъ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода (РЕАКТ) баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҷаласа бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтаи Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷаласа зиёда аз 70 нафар роҳбарону намояндаҳои вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки нозирони Платформаи миллӣ мебошанд, ҳамчунин 15 нафар намояндаи созмонҳои байналмилалӣ тариқи видеоконфронс иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳо доир ба рафти татбиқи ташаббуси «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» дар Тоҷикистон, «Барномаи миёнамуҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028» ва нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2023-2025, ҳисобот оид ба рафти иҷрои барномаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, иҷрои барномаи иқтисодию иҷтимоии шаҳри Кӯлоб дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, дар бораи чорабиниҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар самти коҳиши хатари офатҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар мамлакат баррасӣ шуданд.
Байни аъзо ва иштирокчиёни ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба истифодаи самараноки маблағҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогардида ҷиҳати коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, инчунин оид ба меъёрҳои меъёрии ҳуқуқӣ табодули афкор шуд.
Ёдовар мешавем, ки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 қабул шуда, соли 2024 ба низомномаи он оид ба васеъ намудани ҳайат ва ваколатҳои он тағйирот ворид карда шуд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳо фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






